Хабарҳо

ҶОМЕАИ УМУМИБАШАРӢ

ҶОМЕАИ УМУМИБАШАРӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста қайд менамоянд, ки «Терроризм Ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».
Солҳои охир терроризм дар минтақаҳои гуногуни дунё реша давонида, хатари бузургӣ иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти дилхоҳ кишвар хатарафзо буда, таҳдид эҷод менамояд. Дар гушаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои терористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад, ки ин ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Терроризм ва экстремизм чун яке аз хавфноктарин хатарҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ фаъолият намуда, имрӯзҳо бо истифода аз технологияи мосир, тарзу усули нави истифодабариро касб кардаистодааст. Дар чанд даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми бегуноҳу осоишта қурбони амалҳои нопоки террорисӣ гардида, ҳазорҳои дигар аз хонаву дар аз аз зану фарзанд ва аз давлату миллати хеш ҷудо гаштаанд.
Садҳо ҷавон дар ҷавони фирефтаи ин афроди бадсиришту беимон, дур аз фарҳангу маърифат ва муқаддасоту арзишҳои олии инсонӣ, боиси содир намудани сангинтарин амалу кирдорҳои разилона гардида, дар ҷавони ҷони худро аз даст додаанд, қисми дигар қотили падару модар ва бародари хеш шуданду ҳар рӯз хуни даҳҳо афроди бегуноҳро мерезонанд.
Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳоилӣ аз макони зист подоши амалҳои разилонаи гурӯҳҳои бадхоҳ аст. Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятиму бепарастор, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хело ҳам дардовар аст, ки ин ҳама нокомиву сарсониҳо натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои терростию экстремистӣ буду ҳаст.
Аз ин рӯ мебояд ҷавонон ҳушёриву зиракии сиёсии хешро аз даст надода, сабабу омили афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, тосулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Мо ҷавонон ҳамеша пайрави суханҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, терроризм ва эктремизмро шадидан маҳкум намуда, баҳри ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Президенти кишварро дастгири менамоем.

Давлатова Савринисо котиби матбуотии
дастгохи раиси ноҳия