Хабарҳо

Ифротгароии динӣ

Ифротгароии динӣ

Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. (Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон.)

Пўшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд.

Аммо, барои як инсони одӣ фаҳмиши терроризм, экстремизм ва радикализм душворӣ пеш меоварад. Бояд гуфт, ки мутахассисон дар ин масъала андешаи ягона надоранд. То ҳол таърифи аз тарафи олимон ва таҳлилгарон қабулшудае  мавҷуд нест. Ҳар соҳибназар, таҳлилгари касбӣ нисбат ба ин падидаҳо андешаҳои мухталиф дорад. Вале дар соҳаи омўзиши табиати терроризм, экстремизм ва радикализм, шинохти он ҳамчун падидаи манфии  ҷамъиятӣ тадқиқоти  ҷиддие  ҳанӯз анҷом наёфтаанд. Олимон, соҳибназарону таҳлилгароне, ки ба омўзиши ин се падидаи манфӣ даст ба кор зада бошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд нестанд.

Шароит имрўз  моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ  ва терроризмро чун масъалаи ҳаёту мамот қабул  намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хўрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеии он ва ба мубориза бо он таваҷҷуҳи бештаре  намоем.

Дар луғат калимаи «ифрот» (арабӣ) аз решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят»  сохта шудааст. «Ифрот» ба маънои аз ҳаду андоза  гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад.

Ибораи «ифрот кардан» низ маънои аз ҳад гузаронидан ва аз эътидолу тавозун берун шудан аст.

Агар шабеҳаи як шахси ифротгароро тасвир карданӣ бошем, пас, ин шабеҳа чунин аст. Шахси ифротӣ  касест, ки дар тарзи фаҳмиш ва ё дар тарзиамал дар ягонмасъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Инсоне дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронад, дигаре дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунад. Дар ин маврид амали дуи онҳо ба маънои луғавии «ифрот» мувофиқат мекунад.

«Ифротгароии динӣ» ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад.

Ифротгаро динро ба таври рўякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, бо ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро талаб менамояд.

Ифротгароии динӣ тарзи фаҳмиш, навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад.

Ақидаҳои ифротгароӣ аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузаранд. Дар ин ҳолат шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.

Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зўроварию хушунат истифода мекунанд, аз ин рў дар зиндагии рўзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекўшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўрӣ  инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Дар луғат «террор» (terror) ба маънои тарсондан ва даҳшатафканӣ омадааст. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зўроварӣ ва қатлу куштор рў овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад.

Ифротгароӣ, тундравии динӣ ва даҳшатафкании динӣ нишонаҳои асосии гурўҳҳои ифротгарои динӣ мебошанд.

Маъмулан имрўз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегўянд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест.

Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба рўҳия ва ахлоқи шахсии инсон, ба муносибати ў ба муҳит ва ба робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад.

С. Давлатова – котиби матбуотии раиси ноњия