74 деҳаи вилояти Хатлон бо хизматрасонии барқи доимӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ояндаи наздик 74 деҳаи вилояти Хатлон бо хизматрасонии барқи доимӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин карда мешаванд. Аз ин миқдор 30 деҳа ба ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 21 деҳа ба ҳудуди ноҳияи Фархор ва 23 деҳа ба ҳудуди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ рост меояд. Хизматрасонии мазкур дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» пешбинӣ гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар ҳаҷми 6,5 миллион доллари америкоӣ татбиқ карда мешавад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, вобаста ба ин имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси тасдиқ намудани Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Созишномаи мазкур 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни шарҳи ин масъала дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар доираи лоиҳа асосан барқтаъминкунии деҳаҳои бебарқи наздисарҳадӣ ба нақша гирифта шудааст.
«Дар доираи чорабиниҳои пешбининамудаи Созишнома барқтаъминкунии 74 деҳа тавассути сохтмон ва навсозии 111 километр хатҳои интиқоли барқи 6 ва 10 киловолт, 159 километр хатҳои интиқоли барқи 0,4 киловолт ва насби 87 адад трансформаторҳои тақсимотӣ ва пайваст намудани онҳо ба шабакаҳои барқии мутамаркази ширкати «Барқи тоҷик» пешбинӣ гардидааст»,- зикр намуд Вазир.
Ба гуфтаи Усмоналӣ Усмонзода, яке аз афзалиятҳои асосии лоиҳа дар он мебошад, ки бо татбиқ гардидани он тақрибан 31 ҳазор нафар сокинони ноҳияҳои зикргардида бо неруи барқи доимӣ таъмин гардида, инчунин ба истифодаи таҷҳизоти муосир дастрасӣ пайдо менамоянд.
Бо назардошти ин гуфтаҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи зикршударо якдилона ҷонибдорӣ ва тасдиқ намуданд.