Хабарҳо

Донишманди тоҷики муқими Бритониё шеваи муолиҷаи КОВИД-19-ро ошкор кардааст

“ОЗОДӢ”   Апрел 29, 2020                

Бобоҷон Назаров мегӯяд, умедвор аст, ба Тоҷикистон ҳам кӯмакаш бирасад.

Бобоҷон Назаров – донишманди тоҷики муқими Лондон шеваи нав барои муолиҷаи COVID-19-ро ошкор кардааст, ки дар сурати озмоишҳои муваффақиятомез метавонад, барои дармони миллионҳо мардум дар сайёра кӯмак кунад.

Тими ба раҳбарии Бобоҷон Назарови 35-сола мегӯяд, ки ду доруи истеҳсоли Ҷопон, ки беш аз 30 сол пеш барои муолиҷаи панкреатит, ё ғадуди зери меъда, истифода мешавад, тавони пешгирӣ аз сироят ва муолиҷаи COVID-19-ро ҳам дорад. Санҷишҳои кимиёию биологии ин давоҳо дар рӯзҳои бӯҳрони коронавирус дар Бритониё анҷом шуд ва барои озмоиш дар инсонҳои гирифтори КОВИД-19 машварат шудааст.

Таҳқиқот дар ин заминаро ширкати хусусии “Latus Therapeutics” ба раҳбарии Бобоҷон Назаров ва гурӯҳи донишмандони Донишгоҳи Оксфорди Бритониё анҷом додааст ва ба зудӣ 500 гирифтори COVID-19 дар озмоиш ширкат мекунанд.

Радиои Озодӣ бо Бобоҷон Назаров, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад доир ба таҳқиқот ва озмоишҳо сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Хусусиятҳои аслии таҳқиқоти нави давои зидди COVID-19-ро шарҳ медодед?

Бобоҷон Назаров: “Ман дар оғоз дар бораи табиати коронавирус ва COVID-19 бисёр мутолиа кардам. Тахминан як ҳафта лозим шуд, ки тарзи “кор” ё табиати ин вирусро дарк кунам ва ин иттилои калидӣ ва хеле муҳим буд. Рисолаи доктории ман аз кардиология аст, вале агар шумо донишманд бошед, тарзи омӯзиши иттилоъро ёд мегиред. Барои ҳамин, ба омӯзиши табиати мавҷудияти коронавирус пардохтам. Идеяи асосии кори мо ин истифодаи такрории маводи дорувор бо ҳадафҳои дигар буд.

Дар забони илм истилоҳе бо номи “таъсири ҷонибӣ” (side effect) вуҷуд дорад ва шумо табиати кори онро омӯхта метавонед. Мо тарзи кори вирусро омӯхтем. Як сафеда (протеин) ҳаст (TMPRSS2), ки вирусро барои ворид шудан ба ҳуҷайра роҳ медиҳад. Агар шумо ин сафедаро масдуд кунед, пеши роҳи вуруди вирусро мегиред. Мо маълум кардем, ки ду намуд маводи дорувор ҳаст, ки дар Ҷопон барои муолиҷаи панкреатит (ғадуди зери меъда) ба кор меравад. Ҳамин ду дору метавонад ба унвони истифодаи дуюмбора, вале барои мубориза бо COVID-19 ба кор бурда шавад. Ин идея ба сари ман омад ва бо тими донишмандони Оксфорд мо тарҳи худро эҷод кардем. Мо санҷишҳои клиникиро ҳам шурӯъ кардем.”

Радиои Озодӣ: Дар бораи ин ду дору муфассалтар бигӯед.

Бобоҷон Назаров: “Бале, доруҳое, ки бояд ба кор бурда шаванд, … ва … ном доранд. Аввалӣ қурс буда, дуюмӣ аз роҳи тазриқӣ ва ё сӯзандору пешбинӣ шудаанд. Доруи …-ро бемороне истифода карда метавонанд, ки дар беморхона бистарӣ нестанд. Ҳоло ки беморхонаҳо пур ҳастанд ва бисёр беморонро барои идомаи муолиҷа ба хонаашон ҷавоб медиҳанд, аз роҳи истеъмоли ҳамин даво мешавад муолиҷа кард. … барои беморони бистарӣ ва онҳое пешбинӣ шудааст, ки тавони фурӯ бурдани доруро надоранд. Ин дору ба раги онҳо бо сӯзандору ворид карда мешавад.”

Радиои Озодӣ: Оё шумо дар бораи ба Тоҷикистон бурдани ин даво ҳам фикр кардед? Он ҷо мақомот мегӯянд, ки коронавирус вуҷуд надорад, вале агар зарур шуд, омода ҳастед, ки ин даворо ба ватан ҳам баред?

Бобоҷон Назаров: «Ҳатман. Албатта, ман мехоҳам, ба кишвари худам ёрӣ бидиҳам. Мехоҳам, ба ватанам ёрии бисёр расонам ва вақте ҳама санҷишҳо гузашту дору тасдиқ шуд, албатта мехоҳам, ба Тоҷикистон ёрӣ диҳам.»

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки то ҳол аз доруҳо танҳо барои дур кардани симптомҳо истифода мешавад, на барои наҷоти ҷони инсон аз коронавирус, назари Шумо чист?

Бобоҷон Назаров: «Дуруст аст. Дар дунё ҳоло таҷрибаи зиёд ба роҳ монда шудааст. Дар саросари ҷаҳон беш аз 900 таҷрибаи илмӣ дар заминаи мубориза бо COVID-19 ҷараён дорад, вале то ҳол ҳеч давое пайдо нашудааст. Ҳоло беморон асосан аз роҳи дастгоҳҳои нафаскашиву нӯшидани зиёди об муолиҷа мешаванд. Санҷиш бисёр аст, озмоишҳои бенатиҷа ҳам зиёд дида мешавад. Бале, мутаассифона, то ҳол ягон доруе вуҷуд надорад.»

Радиои Озодӣ: Баъди озмоишҳо, ба назари Шумо, кай иҷозаи ниҳодҳои расмӣ барои истифода аз ин шеваи муолиҷа ва ин доруҳо гирифта хоҳад шуд?

Бобоҷон Назаров: «Ҳама чиз бар асоси нақша пеш меравад. Бар асоси нақша, озмоишҳои мо дар гирифторони COVID-19 баъди ду ҳафта шурӯъ мешавад. Ба унвони як донишманди биолог албатта мегӯям, ки пешгӯӣ кардани ҳама паёмадҳо душвор аст. Метавонам бигӯям, ки доруҳоро аллакай дар ҳуҷайраҳои инсон санҷидаем ва ин натиҷаҳо мусбат баромаданд. Инчунин ин доруҳо дар ҷисми ҷонварон ҳам дар мисоли коронавирусҳои навъҳои дигари мисли SARS таҷриба шудаанд. Ба назари ман, дар фурсати як ё ду ҳафтаи баъди санҷиш, мо гуфта метавонем, ки оё ин доруҳо ба кор мераванд, ё на. Агар натиҷа мусбат шуд, ин як гардиши ҷиддӣ мешавад ва доруҳоро барои муолиҷа пешниҳод мекунанд. Як чизи муҳим дар бораи ин доруҳо ҳамин аст, ки онҳо барои инсон амн ҳастанд ва инро таҷрибаи 35-солаи истифодаи онҳо дар Ҷопон собит кардааст.”

Радиои Озодӣ: Ҷараёни расмии тасдиқи доруҳо дар Бритониё чигуна аст?

Бобоҷон Назаров: «Дар Бритониё ин як расмиёти ҷиддӣ ва танзимшаванда мебошад, шумо бояд иҷозатномаи истифодаи онро аз сохторҳои зиёди давлатӣ дошта бошед ва вазорати беҳдошти Бритониё танҳо яке аз ин сохторҳо мебошад. Мо бо тимамон бояд ҳамаи иҷозаро аз онҳо бигирем.»

Радиои Озодӣ: Оё вокуниши ҳамкорони дигари худро дар Бритониё ба ин таҳқиқи худ медонед?

Бобоҷон Назаров: “Вокуниши онҳо? Ҳаяҷонзада ҳастанд ва тааҷҷуб мекунанд, ки чаро озмоишҳо ҳанӯз шурӯъ нашуданд.”

Радиои Озодӣ: Вақте шеваи муолиҷа ва доруҳо барои истифода иҷоза шуд, онҳоро чигуна дарёфт кардан мумкин мешавад – бар асоси иҷозаи духтур ва ё метавонед аз дорухона бе дастури табиб бихаред?

Бобоҷон Назаров: «Пеш аз ҳама инсон бояд аз санҷиши вирус гузарад ва бар асоси хулосаи духтур ба муолиҷа пардозад. Ин дору бояд хеле содда ва бемушкил бар асоси дастури табиб фурӯхта шавад. Вақте дар Бритониё тасдиқ шуд, ман умедвор ҳастам, ки ҳукумати Тоҷикистон метавонад, бо ёрии ҳукумати Бритониё ин доруҳоро дарёфт кунад.»

Радиои Озодӣ: Оё ҳоло ин доруҳо дар Ҷопон гаронанд?

Бобоҷон Назаров: «Гарон нестанд.»

Радиои Озодӣ: Муҳлати истеъмоли дору барои як бемор чӣ муддатро талаб мекунад ва оё шахси бемор танҳо яке аз ин доруҳоро истеъмол хоҳад кард?

Бобоҷон Назаров: «Бале, якеро. Санҷиши мо аз ду марҳила иборат мешавад. Аввал шахси бемор ҳафт рӯз доруро истеъмол мекунад, мо ҳоли ӯро месанҷем ва баъд давраи дуюмро шурӯъ мекунем. Интизороти мо ин аст, ки давраи муолиҷа аз ду ҳафта зиёд тӯл накашад. Ҳар рӯз се дафъа ду қурсӣ истеъмол бояд кард.»

Радиои Озодӣ: Шумо дар остонаи як ҳодисаи калоне қарор доред. Шуморо муваффақият ва ё нокомӣ дар пеш аст. Агар таҷрибаҳо муваффақиятомез набуд ва шеваи муолиҷа рад шуд, чӣ эҳсос хоҳед кард?

Бобоҷон Назаров: Ба ҳайси як олим ва муҳаққиқ маро омӯзиш доданд, ки ҳеҷ гоҳ набояд ноумед нашавам. Бахусус, даврае, ки мо барои ҳимояи рисолаи докторӣ мехондем, ба мо ёд доданд, ки ҳама гуна таҷрибаву озмоишҳои таҳқиқотӣ кори сахт аст ва гоҳо то шаш моҳ тӯл мекашад. Шумо бояд қавиирода ва мустаҳкам бошед ва ҳеҷ гоҳ аз нияти расидан ба мақсад дилсард нашавед. Мо кори худро дар корхона аз таҳқиқоти зидди саратон шурӯъ кардем ва азбаски COVID-19 пеш омад, мо мавзӯъро тағйир додем. Барои ман муҳим аст, ки барои кишвари худ хидмат кунам.

Радиои Озодӣ: Ватани шумо Бритониё?

Бобоҷон Назаров: Ватани худам Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Зимнан, шумо бо донишмандон дар Тоҷикистон ҳам дар тамосу ҳамкорӣ ҳастед?

Бобоҷон Назаров: «Дар Тоҷикистон олимони қавӣ, донишманд ва боистеъдод зиёд ҳастанд. Орзуи ман ин аст, ки ҳама донишмандони тоҷик ба ҳам оянд ва барои пешрафти илми тоҷик саҳми бештаре дошта бошем. Ман аз устодони аввалини худ Умаралӣ Раҷабов, мудири кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва токсикологӣ, академик Зарулло Раҳмонов ва Сир Гилес Мерсер (Sir Giles Mercer) бисёр сипосгузорам ва муҳаббат ба илму муваффақияти худро ба шарофати онҳо мебинам.”

Эзоҳ: “Радиои Озодӣ номи доруҳоро ба далели анҷом нашудани озмоишҳо нашр накард, то аз онҳо истифодаи нодуруст сурат нагирад.”

Шарҳи ҳол: Бобоҷон Назаров зодаи Тоҷикистон буда, 35 сол дорад. Дар наврасӣ ба Лондон кӯчида, мактаби миёнаро дар Бритониё хатм кардааст. Ихтисосаш муҳаққиқи кимиёву биология аст. Соли 2016 дар Донишгоҳи Оксфорд рисолаи докториро дар бахши кардиология ва ё бемориҳои дил хатм карда, соли 2019 ширкати хусусии Latus Therapeutics-ро таъсис дод. Таҳқиқоти ахир бо кӯмаки молии давлати Бритониё анҷом шудааст.