Бо риояи талаботҳои гигенаи шахсӣ коронавирусро маҳв менамоем!
Бемории коронавирус бемории сироятист ва манбаи сироят бошад, шахси ба ин беморӣ гирифтор мебошад. Чи тавре ки мардум огоҳӣ доранд аз моҳи декабри соли гузашта бемории сироятии коронавирус аввал дар кишварҳои алоҳида ва дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми сайёра паҳн гардида, сокинони дунёро ба ташвишу истироби ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтааст.
Мувофиқи маълумоти табибон бемории мазкур бемории нав нест. Сокинони баъзе кишварҳо ба ин беморӣ дар шакли дигар рӯ ба рӯ шудаанд. Бемории коронавирус дар шушҳо пайдо мешавад. Вирусҳо ба шуш бошад аз роҳи бинӣ ва даҳон ворид мешаванд.
Дар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи ҷаҳонӣ маълум гардид, ки 85- дарсади шахсони гирифтор ба коронавирус бе табобат намудан сиҳат мешаванд. Понздаҳ дарсади баъдӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Даҳ дарсади онҳо метавонанд нишонаҳои шадид пайдо кунанд ва панҷ дарсади дигар бояд ба беморхона раванд. Аз 1 то 3 дарсад ва ё дар баъзе ҳолатҳо то 5 дарсади беморон мефавтанд.
Як нукта барои мо мардуми Тоҷикистон муҳим аст, ки сарфи назар аз он, ки аломати беморӣ дар онҳо дида мешавад ё намешавад, сулфа ё ҳароратбаландӣ дорад ё не ҳама бояд қоидаҳои аввалияи гигенаи шахсиро риоя намоянд. Якум, даҳонро бо ниқоб пӯшонад. Дувум, дастҳоро зуд- зуд бо собун бишӯяд ва агар имкон дошта бошад, дастпӯшак пӯшад. Чунки дастҳо метавонанд ба пул, дастаи дар, девор ё ҷойҳои дигар бирасанд.
Вазъияти баамал омада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ба тозагӣ ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ бояд ҳамеша риоя намоем, дар фикри худ ва аҳли оилаамон бошем ва нагузорем, ки вирус, пеш аз ҳама, дар байни аҳли хонадонамон пайдо шавад.
Танҳо бо риояи талаботҳои гигенаи шахсӣ коронавирусро маҳв менамоем.
Насиба Ҳотамова, мутахассиси шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.