Хабарҳо

Ҷиҳати пешгири аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия чораҳои зарурӣ андешида мешавад!

Дар ноҳияи Ховалинг тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси ситоди ноҳиявӣ ҷиҳати  пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва бароҳ мондани кишти баҳорӣ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки аъзоёни гурӯҳҳои корӣ ҳамарӯза дар деҳоту маҳаллаҳо доир мегардонанд.

Имрӯзҳо дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID -19 корҳои фаҳмондадиҳӣ, тозаю безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо воситаҳои муҳими муҳофизатӣ ва дигар корҳои тамизкорӣ тақвият бахшида шуда, пурзӯр мегарданд, ҳамчунин бо мақсади расонидани тавсияҳои мутахассисон баҳри муҳофизат аз ин беморӣ масъулин бо аҳолии ноҳия суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.

Дар ҳар як вохӯрӣ аъзоёни гурӯҳи корӣ ба сокинон таъкид менамоянд, ки бояд масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, қоидаҳои гигиенаи шахсиро қатъӣ риоя намуда, беҳдошти манзилу кӯчаи хешро таъмин созанд ва ба хотири нигоҳ доштани саломатии худ ва пайвандон сокинон бояд аз рафтан ба ҷое бе зарурат худдорӣ намоянд.