Дасти кӯмак ба ниёзмандон.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯрию суҳбатҳояш дасти кӯмак дароз намудан ба ятимон, барҷомондагон, одамони яккаву танҳо ва дигар оилаҳои ниёзмандро яке аз амалҳои хайру савоб арзёбӣ намуда, шахсони хайрхоҳ, соҳибкорон ва дигар одамонеро, ки имкони расонидани ёрӣ ба дигаронро доранд, ба иҷрои корҳои хайру савоб даъват менамояд.
Пешвои миллат дар Паёми шодбошии худ ба муносибати 75 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ ба ин масъала дахл намуда, аз ҷумла қайд менамояд, ки “… дар ин марҳалаи ҳассос мо бояд дасти якдигарро гирем, кӯмаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду бесаробон ва оилаҳои камбизоатро фаромӯш насозем, баракс, дар ин шабу рӯзҳо ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем. Умедворам, ки дар ин кори хайр соҳибкорони бо нангу номуси мо ва дигар шахсони ватандӯсту саховатпеша мисли ҳар вақта пешсафу намуна хоҳанд буд.”
Дар пайравӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҲХДТ бо дастгирии соҳибкорони саховатпеша имрӯзҳо барои дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ корҳои хайру савобро ба анҷом мерасонанд.
Рӯзи 11 -12 майи соли 2020 чунин амали хайрхоҳона аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Авзалбӣ Файзова дар маҳаллаи Саросёби Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо ба анҷом расонида шуд. Кӯмаке, ки аз тарафи вакил бо дастгирии соҳибкорӣ ватанӣ ба 5 оилаи ниёзманд расонида шуд (дар аксҳо) аз орд, равған, шаккар ва чой иборат буд. Чунин амалҳои хайрхоҳона аз тарафи дигар вакилон ҳам сурат гирифта истода аст, ки дар бораи онҳо маълумот дода мешавад.