Хабарҳо

“Аз коронавирус худро эҳтиёт намо”, -чунин буд мавзӯи суҳбати хона ба хона

“Аз коронавирус худро эҳтиёт намо”, –
чунин буд мавзӯи суҳбати хона ба хона
Рӯзи 14 майи соли 2020 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар 43 манзили истиқоматии маркази ноҳия (дар аксҳо) ба сокинон оиди пешгирии бемории коронавирус суҳбат намуда, ба онҳо фаҳмониданд, ки ягона роҳи сироят наёфтан ба ин беморӣ қатъӣ риоя намудани дастурҳои додаи таббибон мебошад. Иҷрои ин дастурҳо маблағ ва заҳмати зиёдеро талаб намекунад. Бе ин беморӣ ҳам мо вазифадорем, ки барои ҳифзи саломатии худ чунин талаботҳои одӣ: шустани даст, тозаю озода нигоҳ доштани манзили худ, бе ягон зарурат ба ҷойҳои серодам нарафтан, ҳангоми бемор шудан сари вақт ба духтур муроҷиат намудан ва дигарҳоро риоя намоем.
Ба падару модарон таъкид намуданд, ки дар ин рӯзҳое, ки фарзандонашон ба муассисаҳои таълимӣ намераванд, ба беҳудагардии онҳо роҳ надиҳанд . Онҳоро ба хондан ва дигар корҳои фоидабахш ҷалб намоянд.