Хабарҳо

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо
Миллати тоҷик дар таърихи мавҷудияти худ барои сулҳ ва дӯстию бародарӣ ба дигар миллату халқиятҳо пайваста кӯшиш намудааст ва менамояд. Мисраҳои ҷовидонаи Саъдии Шерозӣ, ки дар равоқи Созмони Милали Муттаҳид бо оби тилло навишта шудааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд .
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор…, мисоли гуфтаҳост.
Дар бораи дӯстии ду миллати бо ҳам бародар – тоҷику ӯзбек дар мисоли дӯстии шахсиятҳои маъруф ва мардуми он, ки аз қадимулайём решаи хешутаборӣ доранд, мисолҳои зиёде овардан мумкин аст.
Албатта, дӯстии ду миллат барои баъзеҳо мақбул набуд ва чунин ҳолат боис шуд, ки давоми 20 сол муносибати байни ду давлат сард гардид. Хушбахтона, бо ба сари қудрат омадани яке аз шахсиятҳои маъруфи миллати ӯзбек муҳтарам Шавкат Мирзиёев дӯстии ин ду миллат аз нав барқарор гардид.
Шоҳиди онем, ки вақти кушодани роҳҳои сарҳадӣ мардум чи қадар шодию хӯрсандӣ, аз роҳбарони ҳар ду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои аз нав пайвастани риштаҳои дӯстӣ изҳори минатдорӣ менамуданд, дар ҳаққашон барои расидан ба висоли ёру бародар, хешу табор дуои нек мекарданд.
Дӯстии ду Сарвари давлат дӯстии ду арбоби шоистаи адабиёти классики тоҷику ӯзбек – Ҷомию Навоиро ба ёд меорад, ки чун падару писар бо якдигар эҳтиром доштанд. Дӯстии ду Президент бошад, дӯстии ду бародарро мемонад, ки дар вақти ба сари онҳо омадани мусибат дастгиру мададгори якдигаранд. Боиси қаноатмандист, ки ин анъанаи нек имрӯз дар шаклҳои гуногун, ҳамкорӣ, расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ва дигарҳо сурат мегирад. Инро мо дар ин рӯзҳои барои Тоҷикистон хеле душвор дар мисоли кӯмакҳои хайриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бараъло мебинем.
Шояд устод Абӯабдулло Рӯдакӣ мисраҳои ҷовидонаи худ:
Дӯст он набвад, ки дар неъмат занад лофи дӯстиву бародархондагӣ,
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст дар парешонҳолию дармондагӣ – ро вобаста ба чунин ҳолатҳои барои мардум душвору хатарнок гуфта бошад.
Милати тоҷику ӯзбек ҳамеша ҷӯёи дӯстӣ, бародарӣ ва тинҷию осудагӣ буданд ва ҳастанд. Чуноне, ки шоир устод Мирзо Турсунзода мефармояд:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо…
Решаҳои ин дӯстиро сарони давлатҳо чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зӯру қувва мебахшанд.
Халқи тоҷик аз он амалҳои Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстии ду миллат ба анҷом мерасонад, қаноатмаданд ва боварӣ доранд, ки бо кӯшишӣ сарони ин ду давлат боз ҳам он мустаҳкамтар мегардад.
Аз он дар ташвишу изтиробанд, ки муносибатҳои сокинони сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол намеояд. Бародарони қирғиз ҳам чун бародарони ӯзбек ба тоҷикон асрҳои аср рафтуомад ва алоқаи хешу таборӣ доранд. Онҳо набояд ба масъалаҳое, ки ҳаллашон ба онҳо вобастагӣ надорад, дахл намоянд. Бародарони қирғиз набояд фаромӯш кунанд, ки миллати тоҷик ҳамсояро дӯст ва гиромӣ медорад. Дар мо, тоҷикон оиди ҳамсояю ҳамсоядорӣ суханони пандомӯзи зиёде ҳаст, чун “Хона махар ҳамсоя бихар”, “Аз хеши дур дида ҳамсояи наздик беҳтар аст”, ки мо бояд дар асоси онҳо муносибатҳои ҳамсоягиамонро ба роҳ монем.
Мо хоҳони онем, ки дӯстии байни тоҷику қирғиз чун муносибати имрӯзаи тоҷику ӯзбек бошад. Мардум дар симои якдигар бобо, падар, бародар, хоҳар ва дигар наздикони худро бинанд.
Халилзода С. Х., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.