Хабарҳо

Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 27.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 11:55-и  27 майи соли 2020 бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муътабархонум Шаропова (Муътабархонуми Зухриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла тир кушода, ӯро аз қисмати рости баданаш захмӣ кардааст.

Ин амали иғвоангезонаи сокини ҶҚ нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.

Айни замон М. Шаропова дар ҳолати миёнаи вазнин дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ гардида, мақомоти дахлдори ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида  истодаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои
сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *