Аввалан бояд қайд намоем, ки воқеан саломатии аҳоли ин боигарии давлат мебошад. Дар ҳақиқат имрӯзҳо паҳншавии ин беморӣ дар сархати тамоми расонаҳои ҷаҳон қарор дорад. Албатта ин «вабои аср » дар Тоҷикистони азизи мо низ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамагон огоҳӣ доранд, ки бемории сироятии коронавирус нави КОВИД -19 бо роҳи қатрагӣ – ҳавоӣ ва алоқавӣ (даст фишурдан, даст расонидан ба ашёи сироятнок ва ғайра) паҳн мегардад. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулозода аз ҳамкориҳои мутақобилаи судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Полша ёдовар шуда, ташрифи табибони ин кишварро ба мамлакат идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёби менамояд . санаи 10- уми июни соли равон як гуруҳ мутахасситсони соҳаи тибби кишвари Полша аз Муассисаҳои давлатии «Беморхонаи клиники шаҳрии бемориҳои кудакона » боздид ба амал оварданд. Дар рафти вохури ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавирус нави КОВИД – 19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи табибони Полша ба Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо ба ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД- 19 мебошад. Ин гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута тамоми талош ва кӯшишҳои худро дар роҳи пешгирии бемории вируси нави КОВИД-19 равона карда истодаанд то ҳарчи зудтар пеши роҳи он гирифта шавад.
Сабтҳои охирин
Ташрифи вазири корҳои дохилӣ ба ноҳияи Ховалинг
Ташрифи вазири корҳои дохилӣ ба ноҳияи Ховалинг Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта (26.05.2019.) Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи аз назаргузаронидани сохтмонҳои ҷашнии ноҳия меҳмони кормандони Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия буд. Ӯ бо ҳайати ҳамроҳонаш пас аз тамошо ба ёдгориҳои таърихӣ ва нигораҳои осорхона таваҷҷуҳи зиёд […]
Суханронии Махкамова Дилором. Варшава. САҲА. 17.09.2019с.
Махкамова Дилором. Варшава. САҲА. 17.09.2019с.
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
23 ноябри соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Зимни мулоқот […]