Хабарҳо

Худ ва дигаронро дар ин давраҳои мушкил эҳтиёт бояд кард.

Дар асри гузашта, коронавирусҳо омилҳои сироятии шадиди роҳи нафас буданд ва бемориҳое ки онҳоро ба вуҷуд меоварданд, ба осонӣ табобат мешуданд. Аз ин рӯ асосан вирусҳо хатарнок ҳисобида намешуданд. Аввалин хуруҷӣ ин бемории шадиди роҳи нафас бо коронавирус дар соли 2003 рӯх дода буд, ки боиси сар задани 33- кишвар шуда, 623- нафарро куштааст. Дуюмбора авҷи ин бемории шадиди сирояти соли 2012 дар Арабистони Саудӣ ба вуҷуд омадааст. Навъи нави ин вирус ташхис дода шуда ҳаёти 416- нафарро ташкил дода тақрибан 35%- и сироятшудагонро ташкил дод. Навъи дигари ин вирус бошад, моҳи декабри соли гузашта дар Чин ошкор карда шуд ва коршиносон дар бораи пайдоиши ин пневмания гузориш доданд. Олимони чинӣ  тавонистанд, ки ин манбаъи сироятро муайян кунанд. Тибқи санҷишу аз назаргузарониҳо маълум шуд, ки ин вирус хеле хатарнок буда аз ҳайвон ба инсон гузаштааст ва  паҳншаванда буда ба инсон дар муддати кӯтоҳ таъсири худашро мерасонад. Хурӯҷи ин бемории сирояти оҳиста оҳиста ба мамлакатҳои ҷаҳон паҳн шудан гирифт ва мардумро ба таҳлука овард. Барои пешгирии ин вируси нав ки бо номи КОВИД-19 маъмул буд тибқи шиору овезаҳо чораҷӯи мекарданд, то ки аз хатар эмин бошанд. Ҳамин тавр ин бемории сирояти паҳн шудан гирифт ва боиси марги ҳазорҳо инсонҳо гашт ва ҳазорҳо тани дигар аз ин бемории шадид шифо ёфтанд. Чи хеле ки мегӯянд саломатии хар шахс дар дасти худи ӯст. Инсон ки ба тозагӣ риоя кунад саломатии худро дар чои аввал донад, ба ӯ чизе таҳдид намекунад дар ин маврид ҳам ҳаёти худ ва ҳам ҳаёти дигарон зери хатар намемонад. Хушбахтона тӯли  чанд моҳи охир ин беморӣ рӯ ба нестшави ниҳодааст ва мардум озодана ба кору фаъолиятҳои пешина худ баргашта истодаанд.  Барои дуюмбора сар назадани чунин беморӣ мебояд ҳамфикри якдигари шуда ба ҳама гуна  корҳое ки барои пешгирии ҳама намуди бемориҳо оварда мерасонад  эҳтиёткор бошем ҳам худ ва ҳам дигаронро ҳифз намоем.

 

 

Котиби матбуотӣ                                                          Раҳматуллоева М.