Кишоварзӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад. Кишоварзӣ аз замонҳои қадим бо истилоҳи деҳқонӣ маъмул буда яке аз соҳаҳои муҳимми истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро ба хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд. Мо новобаста аз оне, чи мардуми оддӣ ва ё чи мансабдор бошем сараввал соҳаи кишоварзиро дар самти аввал гузорем, зеро бе меҳнат зиндагиро тасаввур кардан ғайри имкон аст. Дар кишварамон дар қишлоқҷойҳо заминҳои наздиҳавлигӣ қариб ки дар ҳама ҷойҳо дида мешавад , мо низ ба он бепарвои накарда онҳоро самаранок истифода барем. Замин асоси таъмин намудани халқ бо маводи хӯрокворист ва мо бояд инро дарк намоем ва шахсоне, ки бекор ҳастанд ва беҳудагардӣ мекунанд, бояд дар замин кор карда, ба оилаҳои худ даромади моддӣ оваранд, зеро давлат наметавонад, ки ба ҳамаи аҳолӣ маводӣ озуқавориро таъмин намояд. Истифодаи дурусту оқилонаи замин сатҳи зиндагии мардумро ба беҳбуди хоҳад овард. Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босуръат ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводи хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварззӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додани озодии парвариши зироати кишоварзӣ иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Мутобиқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ғалладонаҳо, пахта, сабзавот, меваҷот ва дигар намудҳои зироатӣ дар солҳои охир мутаносибан хеле боло рафт.
Котиби матбуотӣ Раҳматуллоева М.