Гурӯҳҳои ифротгаро бо дастуру ҳидоятҳои хоҷагони хориҷии худ барои ба сари қудрати сиёсӣ расидан солиёни зиёд омодагӣ дида буданд ва аз рафтору гуфторашон барало айён буд ки аз ҳеч гуна паёмадҳои муборизаи ҳадафмандонаашон ҳарос надоштанд. Ҳамин тавр сарриштаи муборизаҳои сиёсии нерӯҳои демократии кишвар ки худ ҳанӯз хуб ташакул наёфта буданд ба зуди ба дасти гурӯҳҳои тундрави ифротгаро гузашт. Онҳо бо суханпардозиҳои моҳиронаи худ мардуми оддиро чунон ба васвоси худ гирифтор карданд, ки мардуми бечора бо роҳи ҳиллаю найранги онҳо ва амалу ҳаракатҳои онҳо пайрави менамуданд. Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби нерӯҳои мухолифи ҳукумат як созмоне бо номи “Ситоди наҷоти Ватан” ташкил шуд, ки аслан як дасгоҳи истинтоқу шиканҷаи ашхоси ба кори онҳо муқобил буд. Моҳи апрел бошад гурӯҳҳои тундави мухолифин чандин бор кормандони дастгоҳи президент, ҳукумат ва Шӯрои Олии Мамлакат аз ҷумла 15-нафар вакилони Шӯрои Олӣ ва ду муовини раиси шӯрои вазирони мамлакатро гаравгон гирифтанд. Рӯзи 3-юми майи соли 1992 дар назди бинои Қозиёти мамлакат ба гирди ҳамомадагони тундрави майдони Шаҳидон аслиҳаи оташфишон тақсим кардашуд. Роҳбари гвардияи президенти Генерал Баҳром Раҳмонов ба ҷониби мухолифони ҳукумат гузашт. Баъди ин ҳодиса президенти Тоҷикистон Р. Набиев аз ҳисоби гирдиҳамомадагони майдони “ Озодӣ ” гвардияи нави миллӣ ташкил дод. Ҳамин тариқ намояндагони ҳар ду майдон аввал бо калтаку оҳанпора сипас бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шаванд. Дар миёни ду майдон аниқтараш дар чорроҳаи хиёбони Рудакӣ ва ҳозира кӯчаи Ш. Шоҳтемур, ки дар наздикии ҳозира Меҳмонхонаи Тоҷикистон қарор дорад, ҳатто як тубхона аслиҳаи вазнини артилерӣ рӯ ба ҷониби майдони “Озодӣ” гузошта шуд. Мирзоева Д.
Сабтҳои охирин
Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад […]
Ба муқобили коррупсия мубориза мебарем!
Ба муқобили коррупсия мубориза мебарем! Коррупсия яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар радифи дигар амалҳои номатлуб монанди терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои мамную хатарзо, нашъаҷалобию нашъамандӣ қарор дорад. Ба луғат ва истиллоҳот доир ба коррупсия назар афканем, мебинем, ки ин вожаи оқибаташ номатлуб маъноҳои зиёдеро дар худ таҷассум менамояд. Мисол ошонобозӣ (ненотизм), ҷурабозӣ, хешутаборчигӣ […]
ALEKSANDR KNYAZEV: “TASHIEV’S STATEMENT IS PROVOCATIVE AND UNACCEPTABLE.” Expert Calls the Statement of Kyrgyz Official About Vorukh Incompetent
Tashiev’s statement (Chairman of Kyrgyz SCNS Kamchibek Tashiev) about Vorukh is basically provocative: to offer what is a priori unacceptable to the other side means deliberately leading the entire negotiation process to a deadlock.