Хабарҳо

Шомили гурӯҳҳои ифротӣ аз мафкураи пасти инсонӣ манша мегирад.

Дар давлати мо имрӯз барои ҷавонон шароитҳои зарури фароҳам оварда шудааст. Бо вучуди ин, бархе ҳанӯзҳам вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ шиддат гирифтани муборизаҳои итилоотӣ, инчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа шомили гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ мешаванд. Ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи кишвар таваққуҳи бештар зоҳир намояд. Бо назардоши хосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масоили мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандагони кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди  тероризм, экстремизм ва хурофотпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Мо ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон бояд якдилу яктан бошем ва роҳи ҳар гуна хатаре, ки ба мо рӯ ба рӯ мешавад ба осони сади роҳашон шавем.Пушида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои терористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқиёси ҷаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳо хатарҳо эҷод намудаанд. Тероризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Барои як инсони оддӣ  фаҳмиши тероризм ва экстремизм душвориро пеш меорад, ки мутахассисон дар мавриди ин масъалаҳо фикру андешаҳои ягона надоранд. То ҳол таърифи аз тарафи олимон ва таҳлилгарон қабулшудае мавҷуд нест. Ҳар як соҳибназар ва таҳлилгари касбӣ оиди ин падидаҳо андешаҳои мухталиф доранд.  Шароити имруза моро водор мекуна, ки мубориза бо ифротгароии динӣ  тероризмро чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем. Шаку шубҳа нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хӯрдааст. Баракс лозим бар он аст, ки шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеии он ва ба мубориза бо он таваҷҷуҳи бештаре намоем.

Котиби матбуотӣ:                                                           Раҳматуллоева М.