Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №1729 ва нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нишасти матбуотии раисони шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида истодааст. Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони мазкури Сарвари давлат санаи 24 июли соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти васеи намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 доир гардид.
Дар кори нишасти матбуотӣ сардорони раёсату кумитаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намудаанд. Сараввал иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 ба таври мухтасар ҳисобот дода. Сипас аз тарафи намояндагони васоити ахбори омма саволу ҷавобҳо пешниҳод карда шуд, ки дар он доир ба соҳаҳои фарҳанг, саноат, кишоварзӣ, нозироти андоз, раёсати молия, бахши сайёҳӣ, инчунин нақша-чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия гуфта шуд. Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма вобаста ба суолҳои пешниҳоднамудаи худ аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ва шахсони масъули соҳаҳои зикргардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ва бо ҳамин нишасти матбуотӣ дар ноҳия дар сатҳи зарурӣ анҷом ёфт.
Ализода М. А