Хабарҳо

Шахсе, ки дигаронро ба ҷиҳод даъват мекунад, дар асл хоини миллату Ватан ҳисобида мешавад.

Террроризм ба ягон дин мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зуроварию фишор  қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат ва  маърифатро муқобил гӯзорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.  Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиребафтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги ислом ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонанд, зеро даргириҳои Шарқи наздик ба ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири хориҷиёнро ҳал намоянд. Тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд,  сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки ба таъмини сулҳу суббот ва тараққиёт равона шудааст мавриди интиқод қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”-и ватанӣ инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Шахсоне, ки аз хориҷӣ кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз  ба давлати азизи худ хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд. Ин гуна шахсон дуру дароз зиндагӣ намекунанд, зеро  онҳоеро ки фирефтаи доми худ мекунанд фардо низ аз тарафи хоҷагони боломансабашон тариқи ҷазо ва ё аз зиндагӣ маҳрум мегарданд. Пеш аз оне, ки шомили як гурӯҳ мешавем хуб андеша намуда ҳама паҳлӯҳои онҳоеро, ки аъзоёни он гурӯҳанд дида баромада пасон оқибаташро низ фикр намоем.

Котиби матбуотӣ:                                           Раҳматуллоева М.