Мавҷудоти ҳар як давлати миллии соҳибистиқлол аз сатҳу савияи худшиносиву ҳувияти мардуми он вобаста аст. Агар миллат худогоҳу худшинос аст, пас пояҳои давлати миллӣ устуворанду истиқлоли давлати осебнопазир ва ё баракс агар мардуми кишвар худшинос набошанд ва ҳувияти миллиашон заифу нопурра бошад, пас он ба истиқлоли давлати миллӣ хатар эҷод мекунад. Ин аст, ки таблиғи ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ асоси мафкуравии давлатҳои миллист, ки ҳадафи он шакл додани ҳувияти миллии ҳама қишрҳои ҷомеа мебошад. Ин ё он андеша ҳамон вақт неруву тавон дорад, ки агар фарогиру пурвусъат буда, миллионҳо нафар ҷонибдору муътақид дошта бошад. Ба ин хотир, ҳама гуна андешаву мафкураҳо ба масъалаҳои ташвиқу таблиғ диққати аввалиндараҷа медиҳад, бо ҳам дар набард мешаванд, зеро танҳо ба ин васила метавон сафи муътақидонро афзуд ва мафкураҳои бегонаро заиф сохт. Давлати соҳибистиқлоли мо аз ин раванд истисно нест. Бисту нуҳ сол инҷониб, моҳияту ҷавҳари сиёсати мафкуравии давлати Тоҷикистонро тарғибу таблиғи худшиносиву ҳувияти миллӣ ташкил медиҳад, ки ҳадаф аз он худшиносу худогоҳу ватанхоҳу миллатпарвар намудани шаҳрвандони кишвар ба ҳисоб меравад. Чунонки Пешвои миллат дар робита ба ин таъкид намудаанд: “Пешрафти устувори миллат ва ҷомеа дар ҷаҳони муосир, қабл аз ҳама, ба ифтихори баланди милливу ватандорӣ худшиносиву худогоҳии афроди он ва садоқату муҳаббати фарзандонаш ба ин сарзамини аҷдодӣ вобаста мебошад”. Яке аз чунин иқдомҳои ҳувиятсози Пешвои муаззами миллат, эълон намудани соли 2006 – чун соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ мебошад. Ва басо ба маврид аст, ки партави ҷашни бошукӯҳи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ мо 15-умин солгарди бузургдошти тамаддуни ориёиро низ истиқбол хоҳем кард.
Сабтҳои охирин
ИДОМАИ СӮҲБАТ ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ КОРБАРИИ ФАРДӢ “ХОНА БА ХОНА”
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон ва супоришҳои раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Ховалинг корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ мунтазам дар миёни сокинон идома дорад. Гурӯҳи корӣ дар асоси амри раиси ноҳия аз ҳисоби кормандони масъул ва таҷрибадори соҳаҳои фарҳанг, маориф, шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, […]
Нақши зан дар ҷомеаи имрӯза
“Зан нигоҳбони хонадон аст”- дар ин ҳикмати куҳан маънии амиқи фалсафӣ ниҳон аст. мутаассифона, дар ҷамоаҳои анъанавӣ шуури ҷамъиятӣ дар симои занҳо танҳо нигаҳбонони хонадонро мебинад. Ба сабабҳои таърихӣ шуури муқаррарии аксари аҳолӣ дар Тоҷикистон бо муқаррароти пешоҳангию ҳукмфармоии бечуну чарои мардон ва тобеияти ба он мутобиқи занон ба таври анъанавӣ падаршоҳист. Одати аз гузашта […]
“Аз коронавирус худро эҳтиёт намо”, -чунин буд мавзӯи суҳбати хона ба хона
“Аз коронавирус худро эҳтиёт намо”, – чунин буд мавзӯи суҳбати хона ба хона Рӯзи 14 майи соли 2020 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар 43 манзили истиқоматии маркази ноҳия (дар аксҳо) ба сокинон оиди пешгирии бемории коронавирус суҳбат намуда, ба онҳо фаҳмониданд, ки ягона роҳи сироят наёфтан ба ин беморӣ қатъӣ риоя намудани дастурҳои додаи таббибон […]