Хабарҳо

Ифротиён  бо ҳар роҳу восита мардуми оддиро маҷбур мекарданд, то  ба амалу ҳаракатҳои онҳо пайрави намоянд.  

Гурӯҳҳои   ифротгаро бо дастуру ҳидоятҳои хоҷагони хориҷии худ барои ба сари қудрати сиёсӣ расидан солиёни зиёд омодагӣ дида буданд ва аз рафтору гуфторашон барало айён буд, ки аз ҳеч гуна паёмадҳои муборизаи ҳадафмандонаашон ҳарос надоштанд. Ҳамин тавр сириштаи муборизаҳои сиёсии нерӯҳои демократии кишвар ки худ ҳанӯз хуб ташакул наёфта буданд ба зуди ба дасти гурӯҳҳои тундрави ифротгаро гузашт. Онҳо бо суханпардозиҳои моҳиронаи худ мардуми оддиро чунон ба васвоси худ гирифтор карданд, ки мардуми бечора бо роҳи ҳиллаю найранги онҳо  ва амалу ҳаракатҳои онҳо пайрави менамуданд. Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби нерӯҳои мухолифи ҳукумат як созмоне бо номи “Ситоди наҷоти Ватан” ташкил шуд, ки аслан як дасгоҳи истинтоқу шиканҷаи ашхоси ба кори онҳо муқобил буд. Моҳи апрел бошад гурӯҳҳои тундави мухолифин чандин бор кормандони дастгоҳи президент, ҳукумат ва Шӯрои Олии Мамлакат аз ҷумла 15-нафар вакилони Шӯрои Олӣ ва ду муовини раиси шӯрои вазирони мамлакатро  гаравгон гирифтанд. Рӯзи 3-юми майи соли 1992 дар назди бинои Қозиёти мамлакат ба гирди ҳамомадагони тундрави майдони Шаҳидон аслиҳаи оташфишон тақсим кардашуд. Роҳбари гвардияи президенти Генерал Баҳром Раҳмонов ба ҷониби мухолифони ҳукумат гузашт. Баъди ин ҳодиса президенти Тоҷикистон Р. Набиев аз ҳисоби гирдиҳамомадагони майдони “ Озодӣ ” гвардияи нави миллӣ ташкил дод. Ҳамин тариқ намояндагони ҳар ду майдон аввал бо калтаку оҳанпора сипас бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шаванд. Дар миёни ду майдон аниқтараш дар чорроҳаи хиёбони Рудакӣ ва ҳозира кӯчаи Ш. Шоҳтемур, ки дар наздикии ҳозира Меҳмонхонаи Тоҷикистон қарор дорад, ҳатто як тубхона аслиҳаи вазнини артилерӣ  рӯ ба ҷониби майдони “Озодӣ” гузошта шуд.

Котиби матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия

Раҳматуллоева М.