Хабарҳо

Аз хиёнатҳои собиқ ҲНИТ.

Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сабабгори фоҷиаи миллат ва ҷанги шаҳрванди гардида, пайраворни ин мазҳаб аз нозуктарин риштаҳои ҳис, яъне эмону эътиқоди инсонҳо истифода намуда будан. Оноҳ чун солҳои пешин фаъолияташонро амали карда, соҳиби мансабу ҳокимият ва дороии зиёд гардидаанд, ки дар бораи расидан ба мақсадҳои нопоки ин хиёнаткорони ватанфуруш давлату ҳукумат ба онҳо имконият надод. Баъди авфҳои чандкаратаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ислоҳ гардидан ва барои некрузии халқи тоҷик хизмат намудани роҳбарият ва аъзоёни ҲНИТ ин гуруҳҳо ҳеҷ ба хулосае наомада, чун амалҳои пеш аз инҳам борҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла вилояти Суғду Бадахшон ва водии Рашт бо ҳангомаҷуии маҳз саркардагони ҲНИТ ба вуқуъ пайвастаанд. Намояндагон, аъзоён ва роҳбарияти ТЭТ ҲНИ дар муддати 29 соли соҳибистиқлолӣ чеҳраи аслии худро нишон дода, ба хотири манфиатҳои шахси, мансаб пулу сарват ва чоҳу ҷалол, тамоми арзишҳои миллиӣ, ҳуқуқи ва диннии ҷомеаро поймол намуданд. Роҳбарони ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш пойбанди идеологияи кайҳо куҳнашудаи гуруҳои бадхоҳони хориҷи буда, дар тули умри кутоҳи худ ба мардуми тоҷик ба ҷуз ғуссаву ғам, ҷангу хунрезӣ, ҷудоиандозиву маҳалгароӣ, тафриқа ва буху кина доштан дигар чизе надодааст. Амалҳои бадахлоқонаи ИДАЕ аз саркардагони ТЭТ ҲНИ, ки тариқи ВАО пахш мегарданд, аз ин беимониву бевиҷдонӣ ва пастфитратии онҳо гувоҳи дода, чунин амалу рафтони онҳо боиси дилхоҳ иғво, ғорат ва хиёнат омаданаш аз эҳтимол дур нест. Аз ҳама бадаш он аст ки онҳо аз таълимоти дини мубини Ислом дур буда муқобили он амал менамоянд.Қазия ошкор кард, ки Муҳиддин Кабири дар асл он шахси ботамкин, ботаммул, босавод ва фурутану хушгуфторе нест, ки ҳамеша бо чунин симо худро дар назди ҷомеа ҷилва медод. Ҳамаи ин танҳо ба хотири моилсозии мардуми аз сиёсат бехабар бо шахсияти худу ҳизбаш будааст. Тавре айён шуд Муҳиддин Кабири баҳри амалӣ сохтани ниятҳои сиёҳаш ҳатто ба фарзандону наздикони худ раҳм надоштааст. Онҳоро дидаю дониста ба ҷиноятҳое тела дод, ки ҳатто ба ҷазо наметавон шуст. Аз ҳаминҷо хулоса метавон кард агар ӯ фарзанди лахти ҷигарашро ба чунин пайроҳаи хато раҳнамо месозад пас Ватанну миллат барояш чиқадар қадру манзалат дорад. Тири душман дар симои Кабири бори дигар хок хурд.

Ҷангихон Одинаев мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳия.