Хабарҳо

Амалҳои хиёнаткоронаи Кабирӣ.

Ба таърихи ташкилоти террористӣ ва экстремистии ҳизби наҳзати ислом назар афканем маълум мегардад, км соли 1973 замоне, ки Иттиҳоди Шуравии муқтадир бар пой буд дар 200- километрии ҷануби Тоҷикистон дар минтақаи Қурғонтеппа бо номи “Наҳзати ҷавонони исломихоҳ” як созмон ба таври ғайрирасмӣ таъсис ёфт, ки пас аз муддате бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар саҳнаи сиёсии кишвар зоҳир шуд. Охирҳои моҳи сентябри соли 1991 Ҳизби наҳзат расман сабти ном шуд. Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва Тоҷикистонро ба коми оташ оташ кашонидан даст доштанд. Ҳукумати кишвар бо роҳбарии шахси хирадпешаву ватанпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро авф намуд ва аз гуноҳашон гузашт. Яъне дубора соли 1999 Ҳукумати кишвар ба ҳизби наҳзат иҷозати фаъолият дод. Сӯистифода аз дини мубини ислом дар суханони сухангӯи ҳизб гуфта буд: “Вақте ки ҷомеа мусалмонист, он албатта манфиатҳои исломиро интизор дорад, ки манфиатҳои авлавият пайдо кунанд. Барои ҳамин бояд худи ҷомеаро ба фарҳанги исломӣ шиносонидан ва омода кардан ҳадафҳои аслии Ҳизби наҳзат буд ва ҳоло ҳам ҳаст”. Дар ин ҳадаф ҳанӯз зимни мусоҳиба бо масъули Радиои Озодӣ соли 2013 роҳбари ҳизб  Кабирӣ дар матлаби “Мӯҳиддин Кабирӣ: Наҳзати исломӣ бо ҳамин ном хоҳад монд” иброз дошт, ки “мо тасмими иваз кардани номро ва заруратҳам нест”. яъне бори дигар собит гардид, ки  инҳо маҳз сӯистифода аз номи дини мубини ислом мехоҳанд амалҳои разилонаи хешро ба анҷом расонанд. Чун дар тинату сиришти ин тангназарони кӯрдил нопокиву разолат ҷой дошт  боз аз таҷрибаи талхи таърих ибрат нагирифта, соли 2015 даст ба амалёти мусаллаҳонаи ҳоҷи Ҳалим пардохтанд ва ҳамин тариқ бо роҳандозии ошӯби мусаллаҳонаи ҳоҷи Ҳалим моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҳизби наҳзати ислом дар кишвар ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ манъ карда шуд. Бо маън гардидани  фаъолияти ҳизб дар кишвар Кабирӣ ҳамеша дар хориҷ даъвои ҳимоят ва пуштибонӣ аз наҳзат мекард ва ҳамаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти ташкилоташро интихоб ва ё андешаи аъзоёни ӯ медонист. Ҳар тадбире, ки ин ташкилоти тахрибкор амалӣ мекард онро Кабирӣ набалки андешаи шахсии худ, балки андешаи аъзоёну пайравони ТЭТ ҲНИ медонист. Ҳамеша Кабирӣ ҳизби наҳзатро ба хотири ислом аз хоҷагони хориҷӣ маблағ меситонид.

Котиби матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия

Раҳматуллоева М.