Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуд. Қайд шуд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки натиҷа вазъи сиёсии сайёра бозҳам печидаву муташшаниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст. Ин ҳолатро аз “Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне бозҳам тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва минтақаҳои дунё” мушоҳида кардан мумкин аст. Дидан мумкин аст, ки чи тавр дар ин давлатҳо терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд ва доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ дар ин давлатҳо торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба аннмяти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Дар ин робита, беш аз дигар ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои даҳшатафкани гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Бахусус ҳаводиси хунини Ироқ, Сурия, Фаронса суқути ҳавопаймои мусофирбари А 321-и Русия дар нимҷазираи Синайи Миср, ки соли 2015 аз ҷониби ин гурӯҳи харобкор анҷом ётф, чеҳраи аслии терорризмро бори дигар нишонидода, ҷомеаи ҷаҳонро дар мубориза бо ин вабои аср таҳрик бахшиданд. Ҷангиёни “Давлати исломӣ” инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон, занон, пиронсолону барҷомондагонро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, сару гӯшу биниашонро мебурранд.
Котиби матбуотӣ: Раҳматуллоева М.