Хабарҳо

Табрикти Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

Муҳтарм кормандон ва ҳомиёни Мақомоти корҳои доилӣ ватан! Бо сарбаланди дар ин лаҳзаҳо бо камоли ифтихор мехоҳам ҳамаи шумо – кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми арзанда мегузоред, бо иди касбиатон – “РӮЗИ МИЛИТСИЯ ТОҶИК” табрику таҳният гуфта, ба шумо тани сиҳат, хонаи обод ва дар фаъолияти душвору пуршарафатон муваффақиятҳо орзумандам. Боиси хушнудии сокинони кишвар аст, ки кормандони милитсия имсол иди касбияшонро сарбаландона таҷлил мекунанд ногуфта намонад, ки тибқи назарсанҷии  Маркази GALLUP, Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз лиҳози  амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон  ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142- кишвари ҷаҳон  мақоми аввалро ишғол намуд ва  “ТОҶИКИСТОН –АМНТАРИН КИШВАРИ ҶАҲОН “ муарифи  гашт. Ҷашни таъсисёбии мақомоти милитсияи тоҷик дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол муддати сиву ду сол дар арсаи байналмилалӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин давра тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳкоми давлатдорӣ пойдор гардида, ҳаёти мардуми кишварамон дар муҳити орому осоишта ва рушди босубот идома дорад. Дар яке аз баромадҳояшон муҳтарам Ҷаноби Олӣ  қайд мекунанд, ки “Ҳеҷ кас мисли шумо дар ҷабҳаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чунин ваколат надорад ва ҳеҷ яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мисли шумо бо халқ наздик нест.”    Боиси зикр аст, ки роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои зарин навишта шудааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ он доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои онҳоеро, ки сари гаҳвораи ин ниҳоди муҳими давлатӣ буданд, бошарафона идома медиҳад. Дар таърихи ташаккул ва инкишоф милитсияи Тоҷикистон роҳи пуршарафи тараққиётро тай кардааст. Дар ин рӯзҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар сафи аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ будаанд.   Дар ҷомеа падидаҳои нави ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, хариду фурӯши одамон, экстремизми динӣ, ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти кормандони мақомоти милитсияро боз ҳам вазнинтар мегардонданд. Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуд, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст. Бинобар ин, вазъи риояи тартиботи ҷамъиятии кишвар дар маҷмӯъ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ вобастагии мустақим дорад. Пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва нуфузи байналмилалии он аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки он низ ба сатҳу сифати фаъолияти Шумо ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматиатон робитаи бевосита дорад. ИДИ КАСБӢ МУБОРАК ҲОМИЁНИ ВАТАН!  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *