Хабарҳо

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ -эҳёгар ва наҷотбахши миллати тоҷик

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони саргузашти сиёсии тоҷик маҳсуб меёбад. Зеро, баъди расман эълон шудани Истиқлолияти Тоҷикистон бо гузашти ҳамагӣ як солу ду моҳ дар натиҷаи зиддиятҳои пайваста ва гирдиҳамоии эътирозӣ, ду президенти қонунӣ интихобшуда, чор раиси Шӯрои Олӣ, инчунин дигар роҳбарони баландпояи ҳукуматӣ иваз карда шуда буданд. Он замон дар мамлакат вазъият бениҳоят муташанниҷ, беҳуқуқӣ, беҳокимиятӣ, худсарӣ, хараҷу мараҷ ва  бесарусомонӣ ҳукмфармо гардида буд. Ба хотир бояд овард, ки ҳанӯз нахустин ҷашни Истиқлолро истиқбол нагирифта, дар қаламрави кишвар ҷангу талошҳои бемаънии бародаркуш оғоз ёфтанд. Дар ҷануби мамлакат қувваҳои гуногун барои расидан ба мансабу вазифа оташи низоъро аланга доданд. Ин кашмакашиҳо вақте сар заданд, ки ҷумҳуриҳои ҳамсоя мероси даврони Шӯравиро тақсим намуданду амволи давлати абарқудратро аз они худ мекарданд. Мардуми кишвари мо бошад, дар худхоҳии худ ва талоши байниҳамдигарӣ овора шуда, аз он мерос қариб бенасиб монд. Ҳамон вақт як туда аламзадагони “равшанфикр” барои “барқарор намудани адолати таърихӣ” ташкилотҳои мухталиф созмон медоданд. Аввалан доираи фаъолияти онҳо аз талабҳои маърифатпарварона ва эҳёи анъанаҳои миллӣ берун намебаромад. Вале дере нагузашта созмонҳои навташкил ба фаъолияти худ характери сиёсӣ дода, ошубҳо оғоз намуданд ва якҷоя бо рӯҳониёни иртиҷоӣ вазъияти сиёсии кишварро ноором карданд.

Ба ин ҳама нигоҳ накарда, халқ бо як умеди неку ояндабин ба интихобкунандагони худ, ки дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, нигаронӣ мекарданд. Дар он рӯзҳои сахт Шӯрои Олӣ ягона сохтори давлатӣ ба шумор мерафт, ки то андозаи муайяне миёни халқ таъсиррасон, саъю кушиши роҳҳои барқароркунии сулҳу салоҳ, ризояти миллӣ ва ба меъёр овардани ҳолати сиёсиро истифода бурда метавонист.

Дар чунин вазъияти фалокатбор дар Қасри Арбоби Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. То баргузории иҷлосияи таърихӣ мавқеъ ва вазъияти дупутатҳои халқ чӣ гуна буд ҳама дар хотир доранд. Тазъиқу зӯроварӣ ба вакилон онҳоро калавандаю саргаранг карда буд ва онҳо аниқ намедонистанд, ки ба кадом самт майл доранд. Дар чунин ҳолат низ қавииродагии халқи оддӣ водор намуд, ки вакилон ба ҳақиқат рӯй оварда, ба Шӯрои Олӣ нафареро сарвар интихоб намоянд, ки тақдири ояндаи миллат ва кишварро муайян созад. Вакилон якдилона ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди ҷасуру бебок ва хирадманди Ватан Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Ин нахустин ғалабаи афкори мардуми азиятдида буд.

Ҳамин тавр бо қатъият метавон гуфт, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан иҷлосияи наҷотбахш ба ҳисоб рафта, Сарвари навинтихобгаштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин иҷлосия интихоб шуд эҳёгар ва наҷотбахши миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Зеро ин фарзонафарзанди миллати тоҷик дар он давра ба хотири таъмини сулҳу салоҳ ва оштии миллӣ нақшаҳоеро тарҳрезӣ намуданд, ки дар назари аввал татбиқи онҳо ғайриимкон буд. Чунки шаҳру навоҳии ҷануби кишвар бар асоси ҷангҳои шаҳрвандӣ хароб гашта, ҳазорон ҳазор тоҷикон дур аз Ватан шаҳди ғарибӣ мечашиданд. Сарвари давлати мо тавонист дар як муҳлати кутоҳ ба ҳама он нобасомониву душвориҳо нигоҳ накарда, халқи ғарибгаштаи моро ба Ватан баргардонид ва бо хонаву манзил, ҷойи кор ва шароитҳои мусоид таъмин намояд.

Имрӯз кишвари шукуфони хуршедии моро шинохта намешавад. Зеро Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба мо шароиту имкониятҳо фароҳам овард, ки мо тавонистем рӯ ба ободонию созандагӣ орем.

 Бобоҷон Зоиров, шахси масъули дафтари матбуоти МИҲД ноҳияи Ховалинг.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *