Комиссияҳои доимӣ

Беморони беморхонаи №3- ноҳияро аёдат намуданд

Рӯзи 21- ноябри  соли 2023 муовини раиси  ноҳия Ховалинг Кабирзода Зарҳалбӣ  ба дидорбинии беморони беморхонаи №3-и  Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг рафта, аз ҳолу аҳвол  ва хизматрасонии тиббӣ ба онҳо пурсон  шуданд.  Ба  баморон  гуфтанд, ки  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи ховалинг  аёдати беморон, ятимону барҷомондагон, собиқадорони меҳнат ва дасти кӯмак дароз намудан ба онҳоро  ваифаи  худ   медонад   ва ҳар сари чанд вақт онро анҷом медиҳад. Махсусан,  дар арафаи иду дигар ҷашнҳои миллӣ дастгирии ин табақаи ниёзманди аҳолӣ руҳияи онҳоро баланд мебардорад. Маълум, ки шахс аз шунидани як ҳарфи хуш ҳам хурсанд мешаванд. Беморони бистарии беморхонаи №3 ноҳия ба  муовини раиси ноҳия  барои ташриф ба беморхона, ҳолу аҳволпурсӣ ва дастгириашон дар чунин лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ миннатдорӣ баён намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *