Хабарҳо

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”

Ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта ташкилоти террористӣ экстремистии собиқ ҲНИ барои барҳам задани сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талош карда ба ҷои он давлати исломӣ бунёд кардан мехостанд ва хадамоти махсуси хориҷӣ ҷангиёни ташкилоти террористӣ экстремистии собиқ ҲНИ –ро дар таълимгоҳҳои махсус ба омӯзиш фаро гирифта ба онҳо усулҳои чи гуна татбиқсозии амалҳои террористиро меомӯхтанд ва меомӯзанд. Мақсади асосии тамрин гирифтани онҳо давлати худро ба несту нобудшави оврдан аст. Онҳо ҳама гуна амалҳои  террористиро меомӯхтанд, аз ҷумла таркиш дар бозорҳо, таркиш дар ҷойҳои сафи мардум зиёд аст, таркиш дар масҷидҳо ва ҳамин гуна амалҳои номатлубро бо фармони хоҷагони хориҷиашон амал мекарданд.

Ташкилоти террористӣ экстремистии собиқ ҲНИ дар охири даврони Шӯравӣ ба фаъолиятҳои экстремистю террористии худ оғоз намудааст. Аввалин созмонҳои ибтидоии ин ташкилоти террористӣ дар ҳудуди собиқ вилояти Қурғонтеппа пинҳони таъсис ёфта барои ҷой намудани фаннатизми динӣ дар мафкураи мардум фаъолият мекарданд. Рӯҳониёни муттаасир ҳамон солҳо барои ифротии ҷомеа аҳамияти махсус дода пинҳони дар маҳаллаҳо ва мадрасаю масҷидҳои ғайри расмӣ кушода ба таълиму тарбияи диндорон аз он ҷума наврасону ҷавонон машғул шуда ва байни онҳо дабиёти динии муҳтавояш тундгаронаро паҳн менамуданд. Онҳо бо дастрас кардани адабиёти динии гурӯҳҳои терроистии хориҷӣ дар ҳалқаҳои худ ба ҷои таълими дину ахлоқу имон ба зеҳни ҷавонон ифротгароию сиёсатбозиву рӯҳияи ҷангию террористиро талқин менамуданд.Чунин ҳолати ҳузновар  дар  аксар навоҳии водиҳои Вахш, Ҳисор, Рашт ва маҳаллаҳои гирду атрофи Душанбе ба чашм мерасид. Саркардагони наҳзати Рустамов Муҳаммадҷон маъмул бо тахаллуси Қори Муҳаммадҷон, Раҳматулло Алома, Абдувалӣ Восидов ва баъдан Саид Абдуллоҳи Нуриву Муҳаммадшариф Ҳимматзода буданд. Ин ташкилоти террористӣ бунёди давлати теократиро аввалин вазифаи  стратегияигии худ муайян намуда барои ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи  мухолифин тобистони соли 1992 дар шаҳри Душанбе бо номи “Наҷоти Ватан” ситоди ҳарбии мусаллаҳ ташкил кард. Ситодҳои ҳарбӣ аз хатмкардагони таълимгоҳҳои дини кишварҳои исломии минтақа тарафдорони ташкилотҳои динӣ экстремистии аъзоёни гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ, қумандонҳои саҳроӣ ва ҷангиёни ташкилоти  террористии ҲНИ иборат буд.  Дар баробари дастаҳои мусалаҳ зери назорати хадамоти махсус ва доираҳои динии кишварҳои хориҷӣ мадрасаю мактабҳои пинҳонии таълимоти динӣ, ВАО-и таблиғотӣ,  садои муҷоҳид, радиои озодӣ Тоҷикистон, агентии итилоотии Хуросон- Приз ва амсоли инҳо таъсис дода шуда соли 1989 дар масҷидҳои маркази шаҳрҳои Кулоб ва Қурғонтеппа ҳодисае рух дод, ки мардумро ба даҳшат овард. Вақте намози ҷумъа тамом шуд ногаҳон садҳо нафар намозгузорон аз болои мардум гузашта имоми масҷид ва мӯйсафедони намозгузорро бераҳмона латукуб карданд. Дертар маълум шуд, ки  ин гурӯҳ аъзоёни ташкилоти террористии собиқ ҲНИ буда моҳҳои дароз барои ба даст гирифтани масҷидҳои минтақаи Хатлон нақша кашида буданд. Теғу корду калтак дар бағал ба имому намозгузорон ҳуҷум кардан яке аз аввалин амалётҳои ситоди ҳарбии Наҷоти Ватанӣ наҳзати террористӣ буд.