«Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад» Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар саросари кишварамон ҷашн гирифта мешавад. Забон ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ сайру таърихи тӯлонӣ дорад. Такя ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар масъалаи он ки таҷаддуди таърихию фарҳангии мардуми эронитабор аксар дар муҳити Самарқанду Бухоро, Балху Ҳирот ва Хуҷанду Фарғона, ки ба маънии том меҳани аслию азалии қавми тоҷик маҳсуб меёбад, ба вуҷуд омада, баъдан ба қисматҳои ҷанубу ғарбии Эрон, Озорбойҷон, қисматҳои Ҳинду Чин, Покистон ва Осиёи Сағир гузаштаанд. Ба шарофати давлатдории аҳди Сомониён маҳалҳои асосии тоҷикнишини Хуросони Бузург дар ҳудуди гаҳвораи тамаддуни ориёиҳо- шаҳри Бухорои бостон муттаҳид карда шуданд. Ваҳдати мадании халқияти тоҷик боиси рушду ташаккули забони муштараки тоҷикии порсии дарӣ гардид. Соҳибқирони аҳли удабои замона- Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ин иқдоми ватанпарваронаи Сомониён болида гуфта буд: Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ, Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд. Барҳақ, гаҳвораи илму фарҳанг Бухоро буд. Бухорое, ки ба қавли Абӯбакри Наршахӣ «ҳафтод ҳазор алам бувад, дар зери ҳар аламе ҳафтод ҳазор шаҳид..», Бухорое, ки танҳо зикри уламою удабояш, ба қавли Абулфазли Марвазӣ «дафтарҳо бояд», ҳамон Бухорое, ки бо хираду тавоноии аҷамиён бунёд шуда буду борҳо зери асорату тохтутоз, сухтору куштор ва ғоратгариву истисмори аҷнабиён қарор гирифта, ҳар дафъа аз нав қомат рост карда, бино шудааст. Эҳёи дигарбораи таърихии мардуми эронинажоди Мовароуннаҳру Хуросон дар самти ташаккули маданияти маънавӣ ба пояи баланд расид. Омили ин маданияти олимарому олимақом забони тоҷикии порсии дарӣ буд, ки мутаассифона то кунун нуфузи ҷаҳонӣ пайдо накардааст. Амри таърих аст, ки танҳо дар ҳазор соли охир забону фарҳанги оламшумули ориёӣ бо вуҷуди асорату сӯхтору ғоратгарӣ ва ба нобудӣ расониданҳои дар сарзамини Аҷам ба амал омада, на фақат ба нестӣ нарасидааст, балки сар то сари як хиттаи бузург густариш ёфта, ба мақоми баланди таърихию фарҳангӣ расидааст. Бо вуҷуди аз сар гузаронидани ин қадар нокомиҳои замона, тохтутозҳои бераҳмонаву ғоратгарона, сухтору куштор ва парокандагии милливу мазҳабӣ ва дар чорсӯи таърих танҳо мондани ниёгонамон на ин ки аз доираи таърих берун нашуданд, балки барқарору густариш ва ташаккул ёфта, бақою асолати забони тоҷикиро нигоҳ доранд ва онро аз таъсири дигар забонҳо наҷот диҳанд. Забони тоҷикӣ дар тули ин солҳо дар баробари забони давлатдориву коргузорӣ, вазифаи васлгарии халқияту миллатҳои гуногунро низ ба ҷо овардааст. Забони тоҷикӣ забони ҳамдилӣ, забони илму фарҳанг ва забони сулҳу осоиштагӣ аст. Маҳви забон маҳви миллат ва миллатҳои соҳибзабон аст. Дар замони хатарҳои ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) барои миллатҳо ва халқиятҳои хурду бузурги сайёра аз байн рафтани забони миллии халқу миллатҳои бузург, ба сифати забони давлатӣ ва коргузорӣ қабул намудани забонҳои ғайр бояд ба ҳар миллату миллатҳои соҳибзабон сабақи ҷовидонии таърихӣ бошад. Таъсиру нуфузи забонҳои муқтадир, майли беандоза ба забонҳои ғайр, махлутӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба забон, таваҷҷуҳи аз меъёр зиёд ба технологияи пешрафтаи муосир метавонад омили эҷоди хатарҳои ҷаҳонишавӣ бошад. Хушбахтона, забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тайи садсолаҳо бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди пешомада зина ба зина ташаккул ва такомул ёфтааст. Дар замони соҳибистиқлолии миллии кишварамон забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мақому мартабаи олӣ дорад. Ҳамчунин, забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Вазифаи муҳиме, ки имрӯз пешорӯи аҳли илму маорифи кишвар қарор дорад, ин ба мақоми комили забони илм расонидани забони тоҷикӣ аст. Дар ин самт иқдомҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд. Бо дастгирии Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолият дошта, ба масъалаи дар низоми байналмилалии докторантураи (PhD) тайёр кардани кадрҳои дорои дараҷаи илмӣ, мусоидат намуда истодааст. Тақозои раванди мазкур он аст, ки забони тоҷикии давлатӣ ба забони илм табдил дода дода шуда, ҳамагуна рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ таҳия ва таълиф гарданд. Таҳияи истилоҳоти илмӣ, ки барои ба забони илм табдил ёфтани забони тоҷикӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад, масъалаи муҳим аст. Ҳамчунин, таҳия ва ҳамгунсозии истилоҳоти забон, таҳқиқи масоили услубшиносии забони тоҷикӣ, фарҳангномаҳои классикии форсӣ-тоҷикӣ, таҳия ва нашри фарҳангҳои русӣ ба тоҷикии истилоҳоти техникӣ, технологӣ, биология ва тиб, таҳияи вожаномаву муҳовараҳои дузабонаю сезабона, таъмини тарҷумаи расмии ҳуҷҷатҳои соҳавӣ ба забони давлатӣ, таҳияи Барномаи сатҳи академии забони тоҷикӣ ва забони илм, фарҳангҳои истилоҳотии соҳавӣ, тафсирии англисӣ-русӣ-тоҷикии истилоҳоти технологияи компютерӣ, истифодаи забони давлатӣ дар технологияҳои компютерӣ, таҳияи барномаҳои компютерии омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши фанҳои дигар ба забони давлатӣ, таҳияи барномаҳои тарҷумаи компютерӣ аз забони тоҷикӣ ба забонҳои дигар ва аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ, ворид намудани шакли электронии “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” дар шабакаи интернет ва даҳҳо чунин тадбирҳои нақшавии Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 омили ташаккул ва татбиқи забони давлатӣ ҳамчун забони илм ва истилоҳоти илмӣ шуда метавонад. Забони миллии давлатӣ дар мақоми забони илму фарҳанг омили огаҳии соҳибзабонон аз таърихи қадимии забон, осори фаровони ниёгони бофазламон, ки дар давоми таърихи садсолаҳо ба забони илм таълиф ёфта, диққати аҳли илму фарҳанги ҷаҳониро ба худ ҷалб ва тасхир кардаанд, мебошад. Забон рукни муҳими давлатдорӣ ва тафаккуру ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.