Наҳзатиҳо ҳамчун шахсият дар таърихи башарият ҳеҷ ҷойгоҳу манзалате надоранд, зеро онҳо бар зидди давлати миллии худ, миллати худ ва умуман тоҷикият мубориза бурда ҳамеша нақша доштанд, ки аъзои сиёсии Тоҷикистонро тариқи иқвоангезӣ, тафриқаандозӣ ва амали сохтани актҳои террористӣ ноором созанд. Онҳо дар давраи фаъолияти худ нисбати мардуми Тоҷикистон террори бузурги миллиро ба роҳ монда ба ҷиноятҳои бузурги зиддибашарӣ ҳамчун одамкушӣ, каллабурӣ, буридани узвҳои бадан, таҳқири бемисли ҷасадҳои кушташудагон, таҷовуз ба номуси занону модарон, ғуломдори ва хариду фурӯши инсон, қатли силсилавии аҳли фарҳангу зиёи миллӣ, террори огоҳонаи муаллимону ҳунармандон, куштори шаҳрвандони хориҷӣ, аз байн бурдани сарватҳои миллӣ ва ғайра дар миқиёси махсусан калон даст доранд. Онҳо ҳамон морҳои заҳокианд, ки мардуми тоҷик ҳазорсолаҳо ҷинояту хиёнаташонро бар зидди миллату давлати хеш ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Наҳзатиҳои аҳлимансиришт дигар роҳи бозгашт ба Тоҷикистонро надоранд ва худро дар ҷаламрави ин кишвари биҳиштосо танҳо метавонанд дар хобу хаёлашон тасаввур кунанд. Таърихи муосири миллӣ шоҳиди бисёр ҳаводиси ҳассоси таърихи мебошанд ва яке аз ҳодисаҳои таъсиргузоре, ки дар аланга гирифтани Ҷанги шаҳрвандӣ гирифтани кишвари мо, ки нақши асосӣ доштааст маҳз таззоҳуроти баҳман моҳи соли 1990 маҳсуб мешавад. Ташкилоти террористӣ экстремистии собиқ ҲНИ дар тарроҳии ҳаводиси феврали бевосита шаиркат намуд. Маҳз таҳти овозаи дуруғини паҳн кардани саркардагони ин ташкилоти террористӣ дар хусуси таъмин намудани арманиҳо бо хона дар шаҳри Душанбе боиси ба майдон баромадани мардуми фиребзада ва ба бетартибиҳо даст задани онҳо гардид. Ташкилоти террористӣ экстремистии собиқ ҲНИ аз пушти парда манзараҳои даргирию низоъҳоро тамошо мекард ва ҷараёни заду хурдро аз берун идора менамуд. Ин нақша амали шуд, вале қишри рӯҳониёни муҳофизаткори наҳзати ба эҳсосот роҳ дода баъзан ба маърака шарики намуданд. Ин буд, ки изи пои дастандаркорони ин бозии шум дар ҷои ҳодиса ба мушоҳида расид. Орзуи мансаб ва соҳиби ҷоҳу ҷалол шудан дар сояи давлати Исломӣ, ки рӯҳониёни иртиҷои кушиши таъсиси онро мекарданд, онҳоро ором нагузошт ва онон ба таври нохудогоҳ ба саҳнаи муборизаҳои ошкори сиёсӣ идора кардани гирдиҳамоиҳо баромаданд.
Сабтҳои охирин
Мулло Абдураҳими Кулобӣ Кабириро ба суҳбати як ба як даъват намуд
Мулло Абдураҳими Кулобӣ Кабириро ба суҳбати як ба як даъват намуд
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ МАРДУМИ ШАРФМАНДИ ТОҶИК
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ МАРДУМИ ШАРФМАНДИ ТОҶИК Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум то имрӯз 19 маротиба бо Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардуми кишвар оид ба масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда муроҷиат ва суханронӣ намудаанд. Чунин […]
Ба муқобили коррупсия мубориза мебарем!
Ба муқобили коррупсия мубориза мебарем! Коррупсия яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар радифи дигар амалҳои номатлуб монанди терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои мамную хатарзо, нашъаҷалобию нашъамандӣ қарор дорад. Ба луғат ва истиллоҳот доир ба коррупсия назар афканем, мебинем, ки ин вожаи оқибаташ номатлуб маъноҳои зиёдеро дар худ таҷассум менамояд. Мисол ошонобозӣ (ненотизм), ҷурабозӣ, хешутаборчигӣ […]