Ҳар як шахси солимфикр ба хусус ҷавонписарон аз замони қадим хизмати ҳарбиро қарзи шаҳрвандии хеш дониста, аз давраҳои пеш баҳри дифоъи Ватан ҷонро фидо мекарданд. Ин нангу номуси Ватандустиву ватанпарастии халқи тоҷик аз даврони пеш сар карда то ба имрӯз идома ёфта истодааст, ки мисоли он ба сафи хизмати ҳарбӣ даъват шудани наваскарон мебошад. Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки ҷавонписарони ба нангу номус на ба роҳи зӯриву зорӣ балки худихтиёрона бо сари баланд ва ҳуввияти милливу хештаншиносӣ барои хизмати ватан ҳозир мешаванд, чунки дарк менамоянд, ки дар хизмат онҳо аввалан дарси мардонагиву садоқат ба Ватани азизи зуд, дарси ҳурмату эҳтироми валидон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҷасорату муқобилят нишон додан бар зиддӣ душманони Ватнро меомӯзанд. Боиси хурсандиву хушнудии тамоми мардуми тоҷик аст, ки имрӯзҳо даъват ба хизмати ҳарбиро сад фоиз иҷро намудаанд. Аз даврони пеш нафаре, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо меовард, соҳиби ҳурмату эҳтироми ҳамагон буда ба ӯ ҳаматарафа эътимоду боварӣ буд, то ҳатто агар хостгорӣ мерафтанд нахустсаволи хонадони арӯс ин чунин буд. Оё он нафар хизмати ҳарбиро иҷро намудааст ё не?. Чун дар оила фарзандро бо ахлқи ҳамида хонишу соҳиби маърифат будан тарбия мекунанд, пас дарси мардонагиву ҷасорат, шуҷоат ва ҳифзи ватан нигоҳ доштани сирри давлат аз даст надодани зиракии сиёсӣ, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиро хизмати ҳарбӣ меомӯзад. Пас хизмат ба ватан ва ҳифзи марзу буми он қарзи шаҳрҳандии ҳар як шахс буда хизмат ба ватан ин хизмат ба модар аст. Аз ин хотир мо ҷавонони далеру ҷасур бовраии комил доранд, ки онҳо сарбаландона баҳри ҳифзи ватани худ камари ҳиммат бананд.
Сабтҳои охирин
“Я тоже сторонник того, чтобы Таджикистан обратился в международный суд”, – К.Назаров
Назаров К.: “Я тоже сторонник того, чтобы Таджикистан обратился в международный суд”. Прочитал аналитический материал политолога, директора Института философии, политологии и права Академии наук Таджикистана Назара Муъмина, который 29 ноября сего года был опубликован на интернет-сайте “Centrasia.org” под названием “Республика Таджикистан должна обратиться в международный суд ООН”, после чего крепко задумался.
Терроризм зуҳуроти даҳшатноку нафратовар
Вақте ки калимаи терроризмро ба забон меорем, дар пеши назарамон пеш аз ҳама куштори бераҳмонаи одамони бегуноҳ занон, кӯдакон, пиронсолон, хароб ва вайрону валангор намудани биноҳои муассисаю ташкилотҳо, хонаҳои истиқоматбтӣ бе сарпаноҳ мондани ҳазорҳо одамон, гуреза ва бе хону мон шудани онҳо ва дигар мусибатҳои гушношунид пеши назар меояд. Вақте симои террористро тасвир менамоем, суханони […]
ПАРЧАМ – РАМЗИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ
ПАРЧАМ – РАМЗИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ Яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ дар қатори конститутсия, нишону парчам суруди миллӣ ба шумор меравад. Мояи ифтихор ва сарфарозист, Ҷумҳурии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, бо ҷаҳду талошҳои яке аз фарзандони ватандӯсту қавиирода, ободгару сулҳҷӯ, Асосгузори сулҳу вааҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз ободтару […]