Ягона фарде, ки аз сар задани ошӯби зиндониёни маҳбаси шаҳри Хоруғ табли шоди мезанад ва хурсандӣ мекунад, ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддини салафӣ аст. таҳлили фаъолияти се соли охир ин оппазитсионери бахтбаргашта дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломи бадпарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехохад ҳама ба мисли онҳо ғулом бошанд.
Зиндониёни маҳбаси Хуҷанд, барои ҷиноятҳои мушаххаси террористӣ ба ҷавобгари кашида шудаанд ва муҳаммадиқболи Садриддин, ки марбути доираҳои салафимадори кишварҳои нимҷазираи араб мебошад, чунон забонзада сухан мегӯянд, ки гумон мекуни ин банда ба гарави бозиҳои арабу аҷам афтидааст (араб – Муҳаммадиқболи Садриддин ва аҷам – Саидюнуси Истаравшанӣ). Аз оне ки мақомот ба истилоҳи ин хунсои фирории бериё “амалёти нофаранҷом” анҷом додаанд, таблиғоте беш нест.
Шоҳидони ҳол аз Хуҷанд хабар медиҳанд, ки гурӯҳҳои террористии ДОИШ ва “Ҳизби таҳрир” ба ҷазои амалашон расидаанд. Худро қурбонии роҳи бадбахташон карда ва табиист, ки ҳар вокуниш ё амал муқобили амал ва ё вокуниш дорад.
Саркардаи салафиҳои хориҷӣ Муҳаммадиқболи Садриддин, узви Шӯрои Кумитаи шаҳрвандони наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, иродаи гузориш аз вазъи зиндони Хуҷанд ба террористон ишора карда дар мавриди аввал М. Садриддин, ки ҳамаро мисли худаш мепиндорад, фазои итилоотиро ба таҳлука оварда, мағшуш карадааст.