Аксҳо Маориф Раиси ноҳия Хабарҳо

Дидан намудани иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг аз рафти зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ

Имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухуддин аз рафти гузаронидани фасли сармои зимистон аз муассисаҳои таълимии ноҳия дидан намуда, барои бо сари баланд паси сар намудани ин фасли сармо дастуру супоришҳои махсус доданд, иброз доштанд, ки бояд ҳарчӣ бештар барои паси сар намудани ин фасли сармо чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Бо ташаббуси иҷрокунандаи раиси ноҳия мӯҳтарам Набизода Фаррухуддин ба МТМУ рақами 18-и ноҳия як адад техникаи барқваслкунанда ва маводҳои сӯзишворӣ дода шуд, ки дар ҳолати набудани қувваи барқ бе монеагӣ ин фаслро паси сар намоянд.

Пайи ҳалли ин масъала сокинони ноҳияи Ховалинг, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ кӯшишу заҳмат ба харҷ додаанд.

Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯзҳо ҳезмухонаи ҳар як хонадон ва ташкилоту муассиса дар қатори ҳезум бо маводҳои сӯхти дигар –ангишт таъмин аст.

Маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бошанд аз ҳама роҳу воситаҳо истифода намуда, анбори муассисаҳоро аз ангишту ҳезум пур намуда, барои гузаронидани фасли зимистон захира намудаанд, то омӯзгорону хонандагон, кормандону дигар нафарон дар фасли сармои зимистон аз хунукӣ эмин бошанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *