Аксҳо Аҳолӣ Бахшу шуъбаҳо Вохӯри бо ҷамоат Раисони ҷамоатҳо Хабарҳо

Вохӯрӣ бо занону бонувони ноҳияи Ховалинг.

Имрӯз  дар деҳаи Тутаки Ҷамоати  шаҳраки ноҳияи Ховалинг вохӯрӣ бо занону бонувони ноҳияи Ховалинг, баргӯзор гардид.

 Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумиати кор  бо занон ва оилаи   назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуруллозода Фируза  иштирок доштанд.

Инчуни дар кори маҷлис сардори шуъбаи умумии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Асадуллозода Ватан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг, Бадурдинзода И. Муовини раиси ноҳияи Ховалинг, Аҳрорзода Гулбарг раиси Ҷ/Ш Ховалинг, Нуров Баҳром сархатиби ноҳия ва Рабиев Раҳматулло сардухтури ноҳияи Ховалинг иштирок доштанд.

Нахуст Аҳрорзода Гулбарг  Раиси Ҷ/ш Ховалинг маҷлисро куошда гуфта ҳамаи меҳмоноро ба ноҳияи Ховалинг хуш омадед гуфтанд.

Сипас сухани навбатиро ба муовини раиси Кумиати кор  бо занон ва оилаи   назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон  Нуруллозода Фируза супорид.

 Нуруллозода Фируза қайд намуданд, ки таваҷҷуҳи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  назир надошта мақому манзалати зан модарро дар Ҷумҳурӣ дар  мадди аввал гузоштааст.

Зерро занону бонувони тоҷик дар таҳкими сулҳу субот оромии кишвар ва ба даст овардани Истиқлолияти давлати саҳми арзанда доранд.

 Дар идома муовини раиси ноҳияи Ховалинг Бадурдинозода Ибодат қайд намуданд, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мо занон ва бонувон як нери тоза ба бор овард.

 Асадуллозода Ватан, Раиси Кумити иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг иброз доштанд, ки тарбияи дурӯсти фарзандон  аз оила сарчашма гирифта, саҳми занон дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон дар мадди аввал мебошад.

Дар охир Сархатиби ноҳия Нуров Баҳром ба сухан баромада, ироа намуданд, ки бегонапарасти  дар фарҳанги занону бонувони  давлати тамадунофар соҳибистиқлол зебанда набуда, бегонапарасти барои нест шудани як давлат осониро фароҳам меоварад,

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сару либоси миллии худ  буда, аз ҷумла адрасу атлас, ва чакан муоарифгар ва зебандаи ҳар як зани тоҷик мебошад.

 Аҳрорзода Гулбарг Раиси Ҷ/ш Ховалинг дар охир ба меҳмонон  бовари изҳор доштанд, ки занону бонувони ноҳияи  Ховалинг суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, аз бегонапарастӣ худдорӣ менамоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *