Хабарҳо

Иродаи халқ – зарба ба хоинон

Чанде пеш тариқи шабакаи интернет изҳороти яке аз хоинони миллат душмани сохтори конистутсионии дунявии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ паҳн шуд. Ин изҳорот бори дигар нишон медиҳад, ки нерӯҳои мухолиф, ки аз хориҷ истода ба мо дарси сиёсату давлатдорӣ меомӯзонанд, ягон нафар шахси аз нигоҳи сиёсӣ солимандешу равшанфикр мавҷуд нест. зеро тавассути дурӯғу буҳтони навбатӣ ин хоинони миллат боз як кӯшиши дигаре баҳри сафед кардани марому мақсадҳои ғаризонаи ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ, ҳамчун ҳадафи ниҳоии хеш – бунёди давлати исломиро дар Тоҷикистон роҳандози кардаанд. Бо суханони пучу бемаъно ва саропо дурӯғ муаллиф мехоҳад моро гумроҳ созад. Тавассути овардани мисолҳои беасос аз сиёсати дигар давлатҳо нисбат ба дин кӯшиш мекунанд, ки мардуми мо ва хусусан руҳониёни кишварро раҳгум созанд.

Сабаби имрӯзҳо фаъол шудани нерӯҳои ифротгароӣ дар он аст, ки натиҷаҳои интихоботи гузаштаи президенти Тоҷикистон онҳоро ором намегузорад. Зеро пирӯзии қатъӣ ва дастгирии бениҳоят баланди мардуми аз сиёсати Пешвои миллат зарбаи марговар бар душманони миллат аст. Сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дин дар маҷмуъ ва махсусан дини мубини ислом хеле дурандешона буда, гуфтан мумкин аст, ки яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст. Бо овардани маълумотҳои оморӣ мехоҳем ба бадбинон нишон диҳем, ки вазъи озодии динӣ хуб аст. Дар Тоҷикистон   барои 9млн аҳолӣ 4 ҳазор адад масҷид амал мекунад ва ин нишондиҳанда бори дигар исбот менамояд, ки барои мардуми кишварамон фазои озоду мусоиди динӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.

Ба Муҳиддин Кабирӣ муроҷиат карданием, ки мо сокинони кишвар ба ин гуна суханони иғвоангези ин гуна тоифа хоинони миллат, ки аз хориҷа истода ноҷавонмардона сангпартоӣ доранд, бовар накунем ва фирефтаи ин гуна ашхосон нахоҳем шуд.