Ба истиқлолияти давлати расидани Тоҷикистон ба мисли ҳамаи ҷамоҳири давлати Шӯравӣ ба ҳамин давраи ҳассоси рушди ҷомеа башарӣ рост омад. Тоҷикистони тозаистиқлол ҳам ба мисли ҳама ҷузъҳои дигари он давлати пошхӯрда ба бӯҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ рӯ ба рӯ омад. Нишонаҳои нахустини ҳолати бӯҳронӣ ҳануз аз соли 1990, ки алакай сиёсати давлати мутамаркази Шӯравӣ заиф гашта буд зуҳур мекард. Ҳодисаҳои солҳои 90 ва 91-и асри гузашта ва оқибат даҳшатҳои соли 1992 барало собит намуданд, ки мардуми Тоҷикистон пеш аз ҳама роҳбарияти он вақтаи ҷумҳурӣ ба чунин гардиши чархи таърих омода набуданд. Тамомои мақомоти марказии давлати дар як муддати нисбатан кӯтоҳ зимоми роҳбарии кишварро аз даст доданд. Соли 1992 гурӯҳҳои тундрави ифротгароӣ Тоҷикистон чун нерӯи қаввии қудратталаб шакл гирифта нерӯҳҳои хостори сохти демократиро канор гузоштанд ва бо истифода аз мавҷҳои бархостаи озодихоҳи ба муборизаи ошкорро баромаданд. Дар натиҷа мардуми аз сиёсат ба низоъҳои хатарноки манфиатдорони дохилию хориҷӣ бехабар ба ду самтгар тақсим шуданд. Дар ду майдони ба ҳам наздики маркази шаҳри Душанбе ки он вақт яке “Шаҳидон” ва дигаре “Озодӣ” номида мешуд, ду гирди ҳамоии бисёр ҳазор нафара ташкил ёфт. Талабу дархостхои мардуми ду майдон комилан муқобили ҳамдигар буд. Бо рух додани чунин ҳолат вазъияти сиёсии пойтахт ва умуман кишвар шиддати бесобиқа пайдо намуд. Айбдоркунӣ ба таҳдидҳои мутақобилаи гирдиҳамо омадагони ду майдон то ба ҳадде шиддат гирифт, ки дигар онҳо гӯшу ҳуши шунидан ва таҳамул кардани алфози ҳамдигарро надоштанд. Ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ва мансабталоши кашидани мардуми оддӣ, ки аз умқи сиёсатбозиҳо ва қудратталабиҳои пурхатар ҳеҷ огаҳи надошт яке аз фоҷиаҳои асосии он замон ба шумор мерафт. Аксари муборизони роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ хусусан мардуми оддии гирди ҳам омада гумон ҳам надоштанд, ки кор то ба ҳадди ҷанги бародаркуш мерасад, ба ғайр аз гурӯҳҳои тундрави ифротгаро.
Сабтҳои охирин
МАЪРУЗАИ АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР МАСЪАЛАИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ
Дар бораи Паймони миллӣ, ки Шумо савол кардед фикри ман ин аст, ки ман дар ин ҳаракат на паймонро мебинам на миллиро, зеро паймон ҳолатест дар сиёсат, ки гуруҳи ҳизбу ҳаракатҳои воқеӣ байни ҳам эътилоф мекунанд ва як неруи васеи фарогирро ба вуҷуд меоранд.
Зан – модар бояд соҳибмаълумот бошад
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президети Ҷумҳурии Тоҷиксто муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриву баромадҳои хеш ба занону бонувон дар бораи аз таълим дур мондани иддае аз духтарон изҳори нигаронӣ намуда, қайд карданд, ки “Ҳоло ҳам ҳастанд баъзе падару модароне, ки сади роҳои хондани духтарон мегарданд” Рафтори чунин падару модарон қобили қабул буда наметавонад. […]
Ховалинг – ганҷе дар дили Тоҷикистон
Ховалинг – ганҷе дар дили Тоҷикистон Тоҷикистон бо таърихи бою қадим ва адабиёти пурғановату оламшумулаш қалби ҷаҳониёнро ба худ тасхир кардааст. Маҳз табиати рангину зебо, обҳои мусаффо, куҳҳои осмонбӯсу сарбафалаккашида ва таърихи кӯҳанбунёду тамаддунофари ин сарзамин Тоҷикистонро ба оламиён шинос намуд. Ховалинг яке аз гушаи хушбоду ҳаво ва зебоманзараи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин ноҳия […]