Вақте ки калимаи терроризмро ба забон меорем, дар пеши назарамон пеш аз ҳама куштори бераҳмонаи одамони бегуноҳ занон, кӯдакон, пиронсолон, хароб ва вайрону валангор намудани биноҳои муассисаю ташкилотҳо, хонаҳои истиқоматбтӣ бе сарпаноҳ мондани ҳазорҳо одамон, гуреза ва бе хону мон шудани онҳо ва дигар мусибатҳои гушношунид пеши назар меояд. Вақте симои террористро тасвир менамоем, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши назар меояд, ки гуфта буд: “Террорист ватан, миллат, дину мазҳаб надорад”. Агар ба қадри Ватан мерасид, ба гуфтаи Худою Расул амал мекард, ҳеҷ гоҳ ба ин роҳи хато намерафт. Маълум аст, ки қисме аз ҷавонондар масоили динию дунявӣ дониши кофӣ надоранд, ба осонӣ фирефтаи ҳиллаю найрангҳои равияҳои бадкешу ифротгаро мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст ва аз минбари баланди СММ ҳам ба ҷаҳониён таъкид намуд, ки “номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. тамоюли торафт қуввтгирифтаистода ва сиёсӣ намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли онро манфур намоиш медиҳад”. Суоле ба миён меояд, ки оё мо метавонем пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба чунин гурӯҳҳои тундгаро пешгирӣ намоем? Албатта метавонем дар сурате, ки падару модарон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тамоми бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” – ро дар амал иҷро намоянд. Зеро танҳо шахси солим бо мулоҳизаи солими хеш метавонад, ки таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии рӯзро дар тарозуи ақл санҷида, ба манфиати давлату миллати худ ва хеш истифода намояд. Ҳамчунин корҳои тарбиявиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва алалхусус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ тақвият бахшидан зарур аст, то ки шогирдон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва инсондӯстӣ тарбия ёбанд. Вақте ки ҷавонон моҳияти аслии терроризмро мефаҳманд, дар бораи мақсаду мароми он маълумот пайдо менамоянд ва вақте медонанд, ки чунин амалҳо дар назди қонун нобахшиданӣ ва ҷиноят ба ҳисоб меравад. Дар ҳоле ки қадри Ватан – Модар, дину мазҳаб, тинҷию осудагӣ, зиндагии осоиштаро дарк намоянд, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато қадам намегузоранд.
Сабтҳои охирин
Дар доираи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» дар толори МИҲД ноҳияи Ховалинг вохӯрӣ доир гардид.
Аз 25 ноябр то 10 декабр бо қарори махсуси СММ дар тамоми давлатҳо маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» гузаронида мешавад. Дар доираи маъракаи мазкур рӯзи 14-уми декабри соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ховалинг Кабирзода Зарҳалбӣ, Сардори Раёсати ҳифзи кудаки Вазоарти […]
Ба истифода додани маркази хизматрасонии маишии ҶДММ «Файзи Карим» дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Дангара дар деҳаи Ғарғараи ҷамоати деҳоти Корез бинои сеошёнаи Маркази хизматрасонии маишии ҶДММ «Файзи Карим» – ро, ки дар он намудҳои […]