Аз рӯи нишондоди оморӣ ҷавонони чавонони то 30 – сола қариб 70% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ба ин хотир вақте мегӯем: “ҷомеа” асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте “мушкилоти ҷавонон” мегӯем, пеш аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар назар аст. Гуфта мешавад, ки имрӯзҳо ба ҳисоби миёна беш аз 80% -и таркиби гуррӯҳҳои ифротиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бо дарназардошти рушди техналогияи муосир ва осебпазир гардидани фазои иттилоотӣ беш аз 90% – и ҷавонон ҳадафи ҷалби эҳтимолӣ ба гурӯҳои ифротӣ қарор гирифтанд. Ин воқеан рақами нигаронкунанда ва ташвишовар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Албатта бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ ин омилҳое ибтидоӣ буда наметавонанд ба унвони омили асосӣ истифода шаванд. Масалан, метавон тамоми дунё чандин мисолҳо овард, ки аксари нафарони ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваста аз лиҳози бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ камбудӣ надоштанд. Нафароне ҳам, ки ба ин омилҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, бешак ба онҳо омилҳои минбаъда таъсири асосиро гузоштааст. Вагарна ба ҳеҷ ваҷҳ он гурӯҳҳои ифротӣ барои эшон шароити беҳтару хубтари зиндагӣ пешниҳод карда наметавонанд. Баръакс, эшонро ба сӯи ранқ ва маргу бадбахтӣ тела медиҳанд.
Вобаста ба ин масъала нахуст як нуқтаро мебояд ба инобат гирифт, ки пайдоиши гурӯҳҳои ифротӣ бештар аз рақобатҳои идеологӣ ва бархурди манфиатҳои сиёсиву геополитикии қувваҳои муайян сарчашма мегиранд. Дар ин рақобатҳо аз ҳама бештар диққат ба нуқтаи ҳассостарини эътиқоди омма, яъне бовариҳои динии он мутамарказ шудааст ва ин яке аз роҳҳои осони тафриқа андохтан байни ҷомеа мебошад.