Хабарҳо

Дастовардҳои замони Истиқлолият

Истиқлолият моҳияти озоди инсонро ифода месозад. Имрӯз миллати мо аз он ифтихор дорад, ки соҳиби давлати мустақил аст, яъне ба Истиқлолияти комили сиёси даст ёфтем, давлати миллӣ ва соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем, ки дар таърихи навини давлатдориамон рӯйдоди бузурги нодири таърихист. Зеро миллатҳое буданд, ки мавҷудияти миллати куҳанбунёди тоҷикро эътироф намекарданд ва ӯро ҳамчун миллат намешинохтанд, ҳамин боис гардид, ки баъди инқилоби Октябр Ҷумҳурии Точикистонро ҳамчун Ҷумҳурии автономи ташкил караданд ва ин таҳқирро бузургоне, чун устод Айнӣ, бардошт карада натавонистанд ва ба шиносондани ин миллати куҳанбунёду фарҳангӣ пардохтанд ва асари бузурги худ “Намунаи адабиёти тоҷик” – ро иншо карда, аз миллаи худ дифоъ намуданд. Давлати тозамустақил ва халқи азиятдидаи тоҷик барои устувории Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, идораи давлат ва ба роҳ мондани истеҳсолот ва барқарории муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим буд, ки Конститутсияи кишвари орзую ормонашро бо якдили қабул намояд. Бо шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ комёб шуда бошем, ҳам дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бо иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, ӣхудшиносиву хештаногоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.

Сарвари давлат борҳо таъкид менамуданд, ки: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои қинояткори трансмиллӣ қуват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлати кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷиконро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем.”