Аҳолӣ Хабарҳо

Гулсифат Шарипова аз кумаку дастгириҳои Мақомоти иҷоияи ноҳияи Ховалинг изҳори хурсандӣ намуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳӯ ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирӣ ва кумак ба оилаҳои ниёзманд, беморону барҷомондагон ва нафарони имконияти маҳдуддошта имрӯз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг  як нафар бемор, маъюби гуруҳи 1-умро аёдат намуданд.

Ин нафар Гулсифат Шарипова сокини деҳаи Сари Осёби Ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзо аст. Аз тарафи раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон ба маъюби гуруҳи 1-ум Гулсифат Шарипова кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд. Дар ин радиф аз тарафи бахши ҳифзи иҷтимоӣ ба Гулсифат Шарипова аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд.

Туҳфаҳоро ба Гулсифат Шарипова намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, муовини соҳаи иҷтимоӣ, мудири бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳияи Ховалинг супориданд.

Аҳли оилаи Гулсифат Шарипова ва худи ӯ аз ин кӯмаку дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг хушҳол гардида, миннатдории беандоза изҳор доштанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *