Хабарҳо

Сарфаю сариштакоронаи нерӯи барқ ба манфиати мо шаҳрвандон аст.

     Тавре медонем, яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Ҷойи зикри хос аст, ки бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду агрегати НБО “Роғун” ба истифода дода шуда, мо ба Истиқлолияти комили энергетикӣ хеле наздик шудем. Ин дастоварду комёбиҳои бузург боиси шукргузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои суботу осоиштагии комил ва ваҳдати саросарӣ мебошад.самаранок истифода бурдани нерӯи барқ дар шароити аз лиҳози экологӣ дигаргун шудани иқлим, аз ҷумла то 60% кам шудани оби дарёи Вахшу Панҷ ва то 16 метр поён фаромадани сатҳи обанбори Норак, ки таърихи Тоҷикистон чунин нишондодро ёд надорад, амри зарурӣ мебошад. Истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиму стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхорамонро талаб мекунад.ҳамзамон омили дигаре, ки дар ҷомеа ба чашм мерасад ва ниҳоят таассуфовар аст, ин истифодаи нерӯи барқ бе ҳисобкунакҳои барқӣ ва ё ба таври пинҳонӣ кашидани хатҳои барқ ба манзилҳои истиқоматӣ мебошад. Ҳамарӯза тарафи мақомот даҳҳо ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва ба истилоҳ барқдӯздӣ ба қайд гирифта шуда, баъзеи онҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ низ намоиш дода мешаванд, ки дар шаъни миллати бофарҳанги мо намезебад.

Бинобар ин моро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба қадри  заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, дар сари чанбари мошини вазнин нишастану маҷрои дарёро бахотири бунёди саргаҳи Нерӯгоҳи Барқии Обии “Роғун” дигар карданашонро пеши назар орем, фикри имрӯзу ояндаи худу фарзандонамонро намуда, дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ саҳм гузорем.