Давоми чанд соли охир дар кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба маротиб афзуда, маҳдудият дар истифодаи он бардошта шуд. Ин вазъ боис шуд, ки аксарият аз аъзои ҷомеа дар истифодаи барқ ба зиёдаравии бемаврид даст заданд. Чунон чи истифодаи нодурусти асбобҳои зиёди гуногуни барқӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки ба буҷаи теъдоди зиёде аз хонаводаҳо дар кишвар таъсири манфии худро расонид. Бояд гуфт, ки ҷиҳати сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ҳанӯз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”. Ба хотири садди роҳи исрофкорӣ шудан дар истифодаи нерӯи барқ ва пешгирии талафёбии буҷаи иқтисодии хонаводаҳо Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарури андешид. Аз ҷумла, дар соҳаи энергетика ислоҳот ворид намуда, низоми нави ҳисоби хароҷоти истеҳсолу интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ, ҷорӣ намудани низоми нави электронии механизми муосири баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ ва дигар чораандешиҳоро ба роҳ монд. Аз асоситарин фоидаҳои ин низом ҳамин аст, ки аъзои ҷомеа дар истифодаи нерӯи барқ сарфакор шуданд ва ба ин васила миқдори муайяне аз буҷаи иқтисодии оилавиашонро сарфа намуданд. Ва равшан аст, ки ин омилҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум таъсири хуб дорад. Орзу ва ҳадафи ҳар як сокини кишвар расидан ба сатҳи зиндагии бозҳам беҳтар ва ҳаёти осоишта мебошад. Сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақшаи ҳар яки мо дар таъмини кори мунназами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти нерӯи барқ мебошад.
Сабтҳои охирин
ФАРИШТАҲОИ САФЕД. «Сано бодо ба табибони ҳозиқ, ба ворисони ҳақиқии Синову Розии бузург!», — навиштааст устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
ФАРИШТАҲОИ САФЕД. «Сано бодо ба табибони ҳозиқ, ба ворисони ҳақиқии Синову Розии бузург!», — навиштааст устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ДУШАНБЕ, 06.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз муҳимтарин пешаҳои инсонӣ, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ ҷойгоҳи хосса доштааст, ин пешаи пизишкӣ мебошад. Пизишкон аз нафаронеанд, ки ҳамеша инсоният ба онҳо ниёз доштааст. Зеро инсон ба ҳайси мавҷуди зиндаи […]
Мулло Абдураҳими Кулобӣ Кабириро ба суҳбати як ба як даъват намуд
Мулло Абдураҳими Кулобӣ Кабириро ба суҳбати як ба як даъват намуд
Ташрифи сарвазири мамлакат ба ноҳияи Ховалинг
Ташрифи сарвазири мамлакат ба ноҳияи Ховалинг Санаи 23-юми июли соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Ховалинг сафари якрўзаи корӣ анҷом дод. Дар ин сафар муҳтарам Қоҳир Расулзодаро ҳайати корӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Нуриддин Саид, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, […]