Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” аз ҷумла қайд намуда буд, ки: “Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмудати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”. Ин таъкиди Пешвои миллат бояд, ки роҳбарони кишварҳои оламро ба андеша водор намояд, зеро ягон давлати дунё имрӯз аз хавфу хатари терроризму экстремизм эмин нест.
Мутассисифона, баъзе давлатҳо дар мубориза ба ин падидаи номатлуб муносибат ва рафтори духела доранд, ки инро ҳам Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси дуюми байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузоргардида қайд намуда буд: “Муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароии хушунатомез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати меъёрҳои дугонаро намепазирад. Баракс чунин мавқегирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад. Имрӯз аз амалҳои фоҷиабори террористию ифротгароӣ дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон азият мекашанд. Бар асари ҳамлаҳои таррористӣ садҳо нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафари дигар макону манзили зисташонро тарк карданд ва тарк карда истодаанд. Зарари иқтисодиву иҷтимоии расонидаи террористон ба садҳо миллиард мерасад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар баъзе кишварҳо нерӯҳое ҳастанд, ки аз терроризму экстремизм ба сифати як хадамоти махсуси таъсиррасонӣ ва роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ истифода мекунанд. Шоҳиди онем, ки дар ҷаҳон раванди рақобату муборизаҳо шиддат гирифта, нишонаҳои дубора паҳн гардидани “ҷанги сард” возеъ мушоҳида мешавад.
Боиси ёдоварист, ки мубориза ба муқобили ин падидаи номатлуб муборизаи дастаҷамъонаи мардумро талаб менамояд. Моро зарур аст, ки дар асоси таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Террорист ватан, миллиат, дину мазҳаб надорад ва он худиву бегона шуда наметавонад”, ба терроризму экстремизм дар куҷое сар боло намояд, беамон мубориза намоем.
Роҳи асосии пешгирии терроризму экстремизм дар руҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас мебошад. Дар инкор ҳамкории оила, мактаб ва муҳит роли ҳалкунанда мебозад. Гарчанде дар кишвар Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуда бошад ҳам аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки қисме аз падару модарон чун пештара ба таълиму тарбияи фарзандони худ аҳамияти зарурӣ намедиҳанд.
Агар мо бихоҳем, ки тинҷу осуда зиндагӣ намоем ва аз хавфу хатари терроризму ифротгароӣ дар амон бошем, моро мебояд, ки нисбати фарзандон масъулиятшинос бошем. Онҳоро вобаста ба сину сол аз баду неки ҷаҳон огоҳ намоем. Дар ин сурат онҳо номи падару модар, Ватани худро доғдор наменамоянд.
Эшонов Н.