Хабарҳо

Зан – модар бояд соҳибмаълумот бошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президети Ҷумҳурии Тоҷиксто муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриву баромадҳои хеш ба занону бонувон дар бораи аз таълим дур мондани иддае аз духтарон изҳори нигаронӣ намуда, қайд карданд, ки “Ҳоло ҳам ҳастанд баъзе падару модароне, ки сади роҳои хондани духтарон мегарданд”  Рафтори чунин падару модарон қобили қабул буда наметавонад.  Зеро ҳар як духтар дар баробари писарон бояд таҳсил намуда, соҳиби дониш ва ксбу ҳунар гардадва ояндаи худро дурахшон намояд.

Набояд фаромӯш кард, ки духтарон модари ояндаи милатанд.Пӯшида нест, ки зани соҳибмаълумот дар оила нақши муҳим мебозад.  Мо имрӯз аз ҳайёту рӯзгори занону бонувони фаъолиу соҳибмаълумоти ноҳия чун Гуландом Маҳмадуллоева, Паригул Ғазалова, Дилором Умарова мисоли зиёде оварда метавонем, ки дар тарбияи фарзандон ва ҷамият намунаи ибратанд.    Модаре, ки худ китобхон мехонад, фархандаш низ китобхону китобдӯст мешавад. Тасдиқи ин гуфтаҳо озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ…” соли гузашта шуда метавонад, ки аз як оила се нафар ғолиби озмун гардиданд, ки модарашон хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷик мебошад.

Ин модари соҳибмаърифат ва соҳибкасб  тавонист, ки дар ғолибият ба даст овардани фарзандонаш саҳми арзанда арзанда гузорад.  Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд менамояд, ки “Мо озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ…” – ро  бо умеди саҳми бузурги модарон дар кори бисёр манфиатбахш эълон кардем ва бовар дорем, ки бонувону модарони азизи мо дар ин самт нақши назаррас мебозанд.

Вазифаи падару модар дар шароити кунунӣ пеш аз ҳама аз тарбияи дурусти фарзанд, онҳоро ба донишандӯзӣ, забономӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар  сафарбар намудан иборат мебошад. Модарону бонувони мовазифадор мебошад, ки ба масъалаи китобхонии фарзандон диққати аввалиндараҷа дода, худ низ ҳар чи бештар китобҳо мутолиа кунад.  Зеро фарзандон ва набераҳоро ташвиқу ҳидоят кардан ба китобхонӣ худи модарон доир ба ин ё он асар бояд маълумоти кофӣ дошта бошанд.  Бояд ёдовар шуд, ки дар шароити кунунии рақобати иттилоотӣ ва зеҳнӣ ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро ба рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ, донишандӯзӣ забономӯзӣ,  ва аз худ намудани касбу ҳунар ва илмҳои дақиқу муосир рӯҳбалад намуда, ва фаъолияти ҳаррӯзаашонро зер назар қарор диҳем.

Бахши кор бо занон ва оила

Мирзоева Д.