Хабарҳо

Хоинони миллату давлат чӣ мехоҳанд?

Роҳбарони ТТЭ  ҲНИ, аъзоёни Гурӯҳи – 24, ки имрӯз Паймони дурӯғини миллии Тоҷикистонро таъсис додаанд, ҳамарӯза кафк аз даҳон паронда бо суханҳои бофтаю сохта давлати Тоҷикистон ва роҳбарони онро танқид намуда, мекӯшанд, ки нобоварии халқро нисбати сиёсати давлатва Президенти кишвар  бедор намоянд. Барои он Паймони дурӯғин гуфтем, ки аъзоёни он боз ҳамон хоинони миллат аз ҲНИ ва Гурӯҳи -24 ва ду – се нафар ба доми найранги онҳо афтида мебошад.

Маблағгузорони хоинони миллат ҳоло ҳам аз фаъолияти душманонаи Кабирӣ ва думравонаш умедашонро накандаанд. Имрӯз онҳо мазмуну мундариҷаи баромадҳои худро дигар кардаанд. Номи бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистонро ба забон намеоранд, ҳол он ки ҳоло ҳам чунин мақсадро дар дили сиёҳи худ мепарваранд.  Таъсиси Паймони миллии Тоҷикистонба он хотир аст, дигар мардум номи ташкилоти  террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломро ба забон наёранд.Зеро ба ёд овардани номи ин ташкилот ҳодисаҳои мудҳиши солҳои навадуми асри гузаштаро ба хотири мардум меоранд.

Имрӯз  наҳзатиҳо симои зоҳирии худро дигар кардаанд. Онҳо худро ҷонибдори демократия, озодӣ, ҳомии миллат ва пуштибони халқ  ҷилва медиҳанд. Чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё аз ғами мардуме, ки ба гуфти онҳо дар кишвар ҳуқуқҳояшон поймол карда мешавад, аз ғаму дарди онҳое, ки ҷойи кор надоранд, аз ғаму дарди муҳоҷирони меҳнатӣ шабҳо хобашон намебарад.

Чунин имконият даст диҳаду рӯ барӯ аз онҳо пурсӣ, ки “эй, ҳомиёни миллат, ба ғайр хиёнат ба давлату миллат барои онҳо чӣ амали некеро анҷом додаед?” Бо боварӣ гуфта метавонем, ки даматон ба дарун меафтад ва сари худро мисли табиби одамкуше, вақти аз пеши қабристон гузаштан аз шарми амали худрӯяшро  аз мурдаҳо мепӯшондааст, сархам, шарманда мемонед.

Ҳамин нуктаро  ба ҳамаи хоинони миллат, онҳое, ки пешрафту тараққиёти Тоҷикистон чун хор дар чашмашон мехалад,  рӯз то рӯз беҳтару хубтар шудани зисту зиндагии мардумро чашми дидан надоранд, бо тамоми ҳастӣ кӯшиш менамоянд, ки боз аз нав дар мамлакат нооромиро ба вуҷуд биоранд, расониданием, ки дигар сухани шумо ба мардуме, ки дар фазои сулҳу осоиш, дӯстию рафоқат, зиндагии серу пур ва хушбахтона умр ба сар мебаранд таъсире надорад Садои дилхарош ва суханони иғвоангезатон ба мисли ҳангоси хар ба гӯши мардум мерасад.

Беҳтараш ба гуноҳи худ иқрор гардеду дар назди қонун ҷавоб гӯед. Вагарна пою қадами нопокатон дигар ба хоки муқаддаси  Тоҷикистони биҳиштосо гузошта намешавад.

Заринаи Саймумин