Бале, ҳақиқатро ҳеҷ гоҳ пинҳон карда намешавад. Гарчанде борҳо шаҳрвандони сарҳаднишин ва он родмардоне, ки барои хизмат ба ватану модар камар бастаанд ба тамоми расонаҳо иброз доштан, ки дар задухӯрди сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳуҷум ва тирпаронӣ аз тарафи Қирғизистон ба амал меояд ва мо танҳо худро, марзу бум ва модару фарзандонамонро ҳимоя мекунем. Чуноне, ки дар урфият гуфтаанд “Дӯзди зур соҳиби говро бастааст” ин Қирғизакон, (мо на ҳаммаи мардуми бародари Қирғизро дар назар дорем) ба мисли анна ҳамин “дӯзди зӯр” рафтор карда истодаанд. Аммо фаромӯш кардаанд, ки ба миллате, ки пайдоишаш дар асри 1 – и пеш аз милод аст ин гуна рафторҳо дер намепояд. Дурӯғҳо ва қалобкориҳое, ки Қ. Тошиев бо ҳамаслаконаш ташкил карду хуни садҳо бегуноҳон, ҳам тоҷик ва ҳам қиғизро рехт дар парлумони Қирғизистон аз тарафи вакили парлумон ошкор гардид. Ҳар як фарде, ки ба саҳифаҳои иҷтимои сару кор дорад аниқтараш дар “Ютуб” шоҳиди мунозираи сахти Тошиев ва Мадумаров вакили парлумони Қирғисистон гардид. Бори дигар дарёфт, ки суханони Тоҷикистон ҳақ ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақиқатгӯй мебошанд. Адахан Мадумаров оид ба қазияи задухурд дар сарҳади Тоҷикистон ҳақиқатро гуфт. Дигар ҷои сухан гуфтан нест. “Ҳақиқат ошкор буд ва билохира ошкортар шуд”. Вай ба Тошиев ва ҳайати парлумон гуфт: “мехоҳам ба таваҷҷӯҳи ахбори омма бирасонам, ки тирандозиро мо ҷониби Қирғизистон, аввал шуруъ кардем, на тоҷикон!!! Ин муноқишаро генерали дурӯғин Камчибек Тошиев ба вуҷуд овардааст, ӯ дар ин кор даст дорад……” Ба мардуми шарафманди миллати Қирғиз гуфтаниям, ки бародарон биёед бо ҳам бошем. Ба фиреби дасисакорон дода нашавед. Бахусус ба дасисаи Тошиеви аблаҳ ва ҳамаслаконаш, ки дар хуни он ҷавонони шахидшуда ҳам тоҷик ва ҳам қиргиз гунаҳгор ҳастанд, дода нашавед. Аблаҳон ҳамма вақт мардумро ба торики ва зулмот мебарад. Ба мисли миллати мо Пешвои оқилу доно, дурандешу офаранда интихоб кунед. Аммо аз хотир набароред, ки Тоҷикон (Форсҳо) “аспро оҳиста зин карда дароз медавонанд”. Дар назди ҳамсояи хуб, бародар ва дӯсти асил саҷда мекунанд, аммо касе онҳоро ба зону шинонида наметавонад. Мо ин нофаҳмоиҳо ва хунрезиҳоро, ки маҳз бо айби Тошиеви беақл ба амал омадааст сахт маҳкум мекунем.
Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу “гирдоб” хурад.