Солҳои тулонист, ки гуруҳи мансабталошон ва зархаридону бадбинони миллати тоҷик ҳар гунна роҳу усулро барои парокандагии ин миллати бузург ва ин халқи азияткашида истифода бурда истодаанд.
Агар ба таърих назар афканем мебинем, ки аз гумроҳию нодонии баъзе “фарзандон” ( ва ё ин ки ин гуруҳ танҳо дар талоши мансабу пулу мол бошанд) истифода карда ин миллати бузург ба зиёнҳои хеле ҷиддӣ ру ба ру шудааст.
Мо миллати тоҷик ҳақ надорем, ки он калламанораҳое, ки аҷнабиён аз сари фарзандону адодони мо дар асрҳои гузашта сохта буданд ва ё он гузаштагони худро, ки муллою мулобача гуфта мепаронданду ба Сибир бадарға мекарданд ва ё он фарзандони дар хоку хун оғуштаи солҳои 90-уми асри гузаштаи худро, ки бо фиребу найранги гуруҳҳои экстремистию терористӣ ва радикал ба майдонҳо кашиданду байни якдигар ҷанг андохтанд, фаромуш кунем. На бояд фаромуш кард, ки ин сулҳу оромии кишвар, ин Ваҳдати миллӣ ба баҳои ҷони ҳазорон ҷавонмардони ин миллат ба даст омадааст.
Имрӯз, ки бо ибтикору ҷоннисориҳои фарзандони бо нангу номуси миллат як фазои сулҳу субот ва орому осуда ба даст омадааст ва мардум ба зиндагии орому осуда ва созандагиҳо камари ҳиммат бастаанд ҳеҷ як нафаре ва ҳеҷ як гуруҳе ҳуқуқ надорад, ки ин оромиву осудагии халқро халалдор намояд. Вале дар баробари ҳамма ин шахсоне, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои нопоки худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона амалӣ созанд.
Ифротгароӣ яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти идеологиву иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард. Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини субботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро қисман ҷавононро бо пешниҳоди «бадаст овардани маблағи калон» фирефта намуда, ба доми макри худ мекашанд. Гурӯҳҳои ифротгаро бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононе, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом ба пуррагӣ огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ мекашанд. Шукри истиқлоли ватану давлатро намудан, шукри субботу оромӣ кардан ва ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад. Ин гуруҳҳои беақлу бе виҷдон дасиссаи якчанд зархаридон гаштаанд. Дар қалби онҳо заррае ҳисси ватандустию хештаншиносӣ вуҷуд надорад. Онҳо худ намедонанд, ки аз барои чӣ ва аз барои ки ба ин роҳ мераванд.Танҳо дар мағзи онҳо пулу мол асту халос. Аниқтараш ин гуруҳҳое, ки мехоҳанд Тоҷикистони азизи мо дар вартаи тазоҳуротҳо ва бетартибиҳо бошаду доиммо дили модари тоҷик пур аз дарду алам албатта аз нутфаи “Абуҷаҳли алайлаъна” мебошанд. Вагарна чаро барои ватан-модари худ, барои бародарону хоҳарони худ, барои миллати худ санги маломат мезананд. Агар онҳо бадбахтии ин миллату сарзаминро мехоҳанд, мехоҳи ки дар ватани аҷдодиашон ҷангу хунрези бошад, агар онҳо аз пешравиҳою ободониҳои ватани аҷдодиамон Тоҷикистони азиз талхакаф шуда истодаанд, агар касе ба онҳо барои бероҳа кардани ҷавонони миллат пул медиҳаду онҳо қабул доранд, агар онҳо ва гуруҳашон мехоҳед, ки дар Тоҷикистони биҳиштосои мо чун солҳои 90-уми асри гузашта ҷангу хунрези бошаду миллати тоҷик оғуштаи хун, яқинан пайравони шайтон ҳастанд. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки касе, ки инсониятро бар зидди якдигар ҷанг меандозад, мардумро ба тазоҳуроту бетартибиҳо даъват мекунад, ҷавононро бе роҳа мекунад, пайрави шайтон аст.
Ҳамаи мову шумо аз мавқеи ҷойгиршавии Тоҷикистони азизамон огоҳем ва медонем, ки дар Осиёи марказӣ назар ба форсзабонҳо (тоҷикон) туркзабонҳо зиёданд. Албатаки онҳо барои дар вартаи Глобализатсия набуд нашуданашон муборизаи беамон мебаранд ва Иттиҳодияи туркзабононро таъсис дода дар гирди якдигар мутаҳид шуда истодаанд. Бинобар ин ба онҳо барои ин корашон таҳсин мегуем. Акнун моро яъне миллати тоҷикро (форсизабонон) низ зарур аст, ки байни худ душманиро, бадгуиро бас карда аз ҳамсоягони худ ибрат бигирем. Чуноне, ки борҳо Пешвои муаззамамон ба ҳар яки мову шумо таъкид доштанд, ба якдигар дуст бошем, якдигарро эҳтиром кунем, дар пастиву баландии якдигар дар паҳлуи якдигар бошем, аз пешравии якдигар ифтихор дошта бошем ва ин ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳони номбардор бошем.
Тоҷикистон ба пеш!.
Назарзода М.