Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН КОШОНАИ УМЕДИ МОСТ…

Ҷои таассуфу нигаронист, ки вақтҳои ахир радиои бурунмарзии “Озодӣ” мақолотеро рӯи сафаҳоти хеш мекорад, ки саросар ба бадном кардани сиёсати имрӯзии давлату миллат нигаронида шудааст. Албатта, ҳар фарде ҳуқуқ дорад, ки фикри худро нисбат ба рухдодҳои ҷомеа ва сиёсати кунунӣ иброз намояд, вале он бояд холисона ва воқеӣ бошад. Бо ин ҳама нуктаи муҳим ин аст, ки бадномсозии давлате, ки он ҷо таваллуд шудаву соҳибмаълумот гаштаӣ, авлоду аҷдода, шояд ки падару модарат дар ин ҷо ба хок супура шудаанд, кори хирадмандона ва ҷавонмардона набуда, бо ин амал шахси мунаққид танҳо худро пеши миллату ватан бадном месозаду халос.

Аммо набояд фаромӯш кард, ки ватандӯстӣ ва эҳсоси дилбастагӣ ба зодгоҳ ё маконе, ки инсон ба воя мерасад ва шахсияташ ташаккул меёбад, як эҳсоси табиӣ ва хоҳиши ғаризиест, ки Худованд дар ниҳоди инсонӣ гузоштааст.

Чун ба  таърих  назар  меафканем  мебинем, ки  борҳо  давлатҳои  пуриқтидори тоҷикон ба мисли Сосониёну  Сомониён ва дигар давлатҳои ба инҳо  монанд, маҳз аз тарафи хоинону  фурухташудагон  ба коми  нести  рафтаанд. Ва худ ба худ суол  медиҳи ки чаро  миллати  тоҷик  чунин  хоинонро  мезояд. Масалан вақте, ки ба таърихи истилои Араб менигарем  боз ҳамин  гуна фарзандони  ин  миллати  бузургро  вомехурем, ки барои  парокандагию нобудии  ин  сарзамин “хизматҳои  хирсона” кардаанд. Масалан: Яздигурдро соли 651 дар осиёбхонае, ки  дар он ҷо пинҳон шуда буд ва  аз  он ҷо ба сарлашкаронаш  дастур  медод аз тарафи ҳокими шаҳри  Марв хоинона  ба қатл  расонида шуд. Ва бо ҳамин силсилаи  дудмони Сосониён қатъ гардид. Арабҳо шаҳри  Марвро қароргоҳи  лашкар ва маркази омодагии худ қарор дода ҳокими  шаҳрро несту нобуд карданд.

Таърих гувоҳ аст, ки сабаби  аз байн рафтани  давлати Сосониён ва дар зери тасаруфи арабҳо  қарор гирифтани Эрону  Мовароунаҳр пеш аз ҳама  ҷудоиву  парокандагии сиёсӣ ва мазҳабӣ, набудани иттиҳоди мустаҳакам миёни давлатҳои хурди  ин сарзамин, мухолифат, хиёнату  ватанфурӯшии  баъзе ҳокимони  маҳаллӣ ва  ашхоси алоҳида буданд, ки  гӯзаштагони моро ба  шикасти сиёсиву  низомӣ оварда  расониданд.

Дар ҳамма давру замон  парокандагӣ, ҷудоӣ, калавишҳои  ақидавию диннӣ,  ҷангу  мухолифатҳои дохилӣ қавму  миллатҳо ва  ҳатто  давлатҳо онҳоро ба гирдоби заифиву  нотавони кашида,  мутеъ ва асири  бегонагон кардаанд. Бар  хилофи ин,  ваҳдату ягонагӣ, тамомияти арзии кишвар, пойдории  ақида ва  мазҳаб, эътирофу  мутаҳиддӣ дар гирди  пешвоён  омилҳои пешрафту созандагиҳои  тамоми  халқҳо  буда, онҳоро  ба ободкориву  созандагӣ, бунёдкорӣ, шинохти манфиатҳои  миллӣ, арзишҳои  фарҳангӣ ва таҳкими  ҳувияти миллӣ  оварда  мерасонад.  Миёни кадом қавму  давлате, ки нуфузи  ана ҳамин  омилҳои ваҳдатофарин  суст гардад  нишонаҳои мағлубияти он дар арсаи ҷаҳонишавӣ  мебошад.

Гарчанде, ки  имрӯзҳо  миёни мову  шумо  ин гуна  ақидаву  равияҳо ба мушоҳида  нарасад, ҳам  ба  зеҳну асаби  баъзеи мо аз хориҷи кишвар “Гуруҳи  фурухташудагон” таъсир  расонида  истодаанд. Мо бояд  ҳеҷ гоҳ он гузаштаи  талхи аҷдодони худро фаромушт накунем, ки  бо ваъдаҳои  пучу холӣ ва  ба фиреби ақидавӣ моро  ба якдигар ҷанг андохта, мехостанд ватани моро  пароканда кунанд.

Боз рӯ  меорем ба даврони истилои араб. Дар сарчашмаҳои таърихи омадааст: “Муқобилияти  сарсахтонаи  мардуми Эрону Мовароунаҳр ба хусус  мардумони шаҳри Истахр бар  муқобили  истилогарони араб онҳоро маҷбур сохт, ки  аз ҳокимону ашрофон ва камшуурон истифода карда, ақоиди худро  дар байни мардум ташфиқу тарғиб намуданд. Баъди дигаргун намудани ақидаи мардум ба шаҳри Истахр соли 28 ҳиҷр 649- мелодӣ Абдулло ибни Омир ворид гардида аз хуни 40 ҳазор нафар  санги осиёбро  гардон намуд.. ( Ибни Балхӣ. “Форснома” саҳ 116)

Зиндагӣ кардан дар ҷои муайян ба таври муваққат барои шахс ҳатман ҳисси мансубиятро ба он ҷо ба вуҷуд намеорад. Ёдоварӣ аз даврони кӯдакӣ, таърихи ҳаёт ва давраи ташаккул ва ба камол расидани шахсияти ҳар як шахс, мансубияти волидайн ба як сарзамин ва решаҳои ниёгон, урфу одат, забон ва зерфарҳангҳое, ки бо як макони зисти хосе ба ҳам пайвастаанд ва ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии инсонҳо гаштаанд, барои ба вуҷуд овардани робитаҳои канданашавандаи инсонӣ ва меҳру муҳаббату ишқу алоқа бо Ватан таъсиргузор будаву мебошад.Аз сӯйи дигар, ҳарчанд нокомӣ, муваққатан набудани шароити мусоиди зиндагӣ ва ё дар ҷаҳони муосири имрӯза набудани шароити идеалии зиндагӣ, шуғл ва ҳатто набудани шароити муносиби иҷтимоъӣ метавонад мардумро ба муҳоҷират водор кунад, вале бо ин ҳама аз рӯи хотироти хеш дидаем, ки норозигии мардум аз зодгоҳашон ҳеҷ гоҳ боис нагаштааст, ки дилашон аз Ватан абадан гум шавад ва бараки ҳол нури меҳру муҳаббати Ватан ва миллатҳамеша дар дили инсонҳо фурӯзон буда ва ин ҳама муқаддасот ҳамеша дар қалби инсонҳо хона кардааст.

Нуктаи дигаре, ки рӯшан аст, ин аст, ки ватандӯстӣ дар байни ҳамаи миллатҳо ва фарҳангҳо худ ба худ як арзиши нодире маҳсуб меёбад.Ин хислат ҳатто дар Қуръони карим низ тасдиқ шудааст.Дар он ҷо ҳангоме ки паёмбари бузург (с) тасмим гирифт, ки аз зодгоҳаш Макка ҳиҷрат кунад, дилашон ба зодгоҳашон месӯхт ва аз ҳиҷрат хеле ғамгин шуданд. Худованд ояте нозил карда ва ӯро бо ин ояти шариф тасаллӣ дод: “Он ки Қуръонро бар шумо воҷиб кардааст, шуморо низ ба макони худ бармегардонад».(Сураи Қассас,ояи 85).

Ба унвони як тоҷик дар ҳар гӯшаеву ҳар сарзамине, ки зиндагӣ дорем, бо таваҷҷуҳ ба фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни бостонии худ ва бо идеалҳо ва шеваи зиндагии интихобкардаи худ набояд аз реша, асли хеш ва арзишҳои миллии худ дур шавем ва онҳоро инкор кунемва дар бораи арҷгузорӣ ба Ватан ва нигоҳ доштани он чизе, ки Худованд ба мо ато кардааст, андеша кунем ва ба худ суол диҳем, ки мо барои Ватан чӣ кор кардем ва чӣ кор карда метавонем?

Аққалан аз худ бипурсем, ки барои ободии Ватан, миллат ва сарзамине, ки моро ба воя расондаву соҳиби ақлу ҳушу идроку зеҳният кардааст, дарахтеро сабз кардаем?

Бинобар ин, ки  рафти босуръати ҷаҳонишавӣ дар курраи замин босуръат рафта  истодааст, зарур аст, ки  ақлу  идроки худро ба кор андохта  аз гузаштагони  худ сабақ  бигирему  фирефтаи суханону  ваъдаҳои  аҷнабиён ва он  фурухташудагон набояд шуд. Чунки дар урфият гуфтаанд:

Хушнуд машав,  душман агар кард  муҳаббат.

Хандидани ҷалод зи ширинсухани нест.

А. Исломов