Хабарҳо

Паём рохнамои имрўзу фардои кишвар аст.

Ироаи Паёми кишвар  аз тарафи сарварону Пешвоён ба амалњои  муосир мутаалиқ набуда, таҷассумгари анъанаи таърихии давлатдории тоҷикон дониста мешавад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар замонҳои қадим, дар остонаи ҷашни иди Наврӯз, ки маънии оғози соли навро дар худ дошт, Шоҳ Ҷамшед муроҷиатномаи махсуси худро дар шакли Паём ироа мекард, ки “Аз Наврўз то Наврўз” ном дошт. Дар матни Паёми Шоҳ Ҷамшед дастовардҳои асосии мамлакат дар марҳилаи гузашта натиҷагирӣ шуда, тасмимҳои минбаъда масъалагузорӣ мешуданд.  Ин  иқдоми нек  таҷрибаи нодири давлатдорӣ  аз таъриху  тамадуни аљдодонамон  ба мо ба мерос  мондааст, ки то  имрўз  идома  дорад.

      Худи мафҳуми калимаи “паём” ба маънои сухан ё мазмунест, ки касе барои касе мегӯяд ё мерасонад ва бештар ба маънои хабар, пайғом, мужда, нома,  ва огоҳӣ истифода мешавад.

Паёми роҳбари давлат  аҳамияти махсуси ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иттилоотӣ, консептуалӣ ва байналмилалӣ  дорад.

 “Паёми Президент” санади расмии давлатист, ки мақоми расмии ҳуқуқӣ ва барои ниҳодҳои давлатӣ моҳияти барномавӣ дорад.

Ироа шудани Паём аз тарафи Роҳбари як давлат он дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат аст. Пешнињоди паём ба мардум  ин аз озодї ва демократии давлат  огоњї  медињад.

 Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рушди кишвар дар панҷ соли охир арзёбӣ гардида, нишондиҳандаҳои асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нишон дода шуданд. Махсусан, дар ин бахш зикр гардид, ки “Сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд. Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.

 Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 дар соли 2022 то 14,7 миллиард сомонӣ ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил дод.

Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382000 хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 000 хонанда ба истифода дода шуда, дар зарфи 31 соли истиқлолияти давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда ба истифода дода шудааст. Ҳол он ки дар 70 соли замони Шўравӣ ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

Имрўз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.

Инчунин агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошанд, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 000 нафар расидааст.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод гардид, ки аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз; аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз; андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз; нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на камтар аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.

Дар паёми навбатї, роҷеъ ба нақши маориф бори дигар таъкид шуд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонист.

Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгў арзёбӣ шуд.

Президенти Љумњурии Тољикистон дар паёмашон ќайд карданд, ки соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат вобаста ба тамоюли афзуншавии аҳолии мамлакат  дар қиёс ба соли 1991, ки 5 миллион нафар ва ба ҳолати моҳи июли соли 2022-юм 10 миллион нафарро ташкил дод, таъкид доштанд, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии  мардум боз њам камари њиммат бастанамон зарур аст. Аз ҷумла ба масъалаҳои роҳу нақлиёт, рушди энергетикӣ ва энергияи сабз рушди иҷтимоию тандурустӣ, илм ва маориф, саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, сиёсати давлатии ҷавонон, таъмини амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ, тақвият бахшидани заминаҳои рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва ҳукумати электронӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, ташаккули зиракии сиёсӣ ва худшиносию худогоҳии ҷавонон, тарбияи насли наврас, инчунин дар руҳияи баланди ватанхоҳию ватандӯстӣ тарбия намудани насли  наврас  ва љавонон, масоили амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ, мудофиаи миллӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба сохторҳои марбута барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супориш доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кули кишоварзонии мамлакат дар амали  намудани стратегияи амнияти озуќаворї  ва  истифодаи  самаракоки заминњои кишоварзи  изњори  минатдори  намуда, рушди соҳаи саноатро  яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мамлакат муайян намуд.

Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ аҳамияти соҳаи саноатро дар рушди иқтисодиёт иброз дошта, дастовардҳои ин соҳаро муаррифӣ намуданд, ба монанди:

  • Дар бист соли охир ҷалб гардидани беш аз 36 миллиард сомонӣ сармояи мустақим барои рушди соҳаи саноат;
  • Дар панҷ соли охир аз ҳаҷми умумии қарзҳои дода шуда (55 миллиард сомонӣ) 36 дарсади он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидаанд;
  • Дар натиҷаи дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ татбиқ гардидани тадбирҳои андешидашуда, дар давоми панҷ соли охир номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 дарсад афзоиш ёфт;
  • Дар ин давра мавриди истифода қарор дода шудани 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ ва таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав;
  • Соли 2022 беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мусоидат намуданд;
  • Саноати дорусозӣ тадриҷан рушд ёфта, имрӯзҳо дар мамлакат истеҳсоли 540 навъи доруворӣ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи ин соҳа дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 се баробар афзоиш ёфтааст.

Президенти мамлакат қайд намуданд, ки барои ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръат расидан, бояд дар самти рушд додани саноат фаъолиятамонро давом диҳем. Аз ин рӯ, дар назди вазоратҳову мақомотҳои дахлдор як қатор вазифаҳои марбут ба ин соҳа гузошта шуданд:

  • Чораҷӯӣ намудан ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда;
  • Ҷорӣ кардани механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз»;
  • Чораҷӯйӣ намудан ҷиҳати ҷалби «маблағгузории сабз» барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори кишвар, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳаммияти экологӣ ва озуқаворӣ дошта;
  • Вусъат бахшадани кор ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда;
  • Эътибори аввалиндараҷа зоҳир намудан ба таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, паркҳои технологӣ, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва ҷалби боз ҳам бештари сармояи мустақим;
  • Андешидани чораҳои зарурӣ барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ дар давоми се соли оянда ва таъсис додани 30 парки технологӣ ва минтақаи саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат;
  • Андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳала ба марҳала сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани филизоти қиматбаҳо;
  • Аҳаммияти хосса додан ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар филизот, таҳия ва амалӣ сохтани барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳо;
  • Таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои кишвар дар самти рушди саноати сабук;
  • Андешидани чораҳои саривақтӣ ҷиҳати дар се соли минбаъда бунёд кардану ба кор андохтани маҷмааҳои коркарди ниҳоии нахи пахта дар 5 шаҳру ноҳия, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб бо ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
  • Таъмин сохтани фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусӣ, ки аз кор бозмондаанд ё нопурра фаъолият мекунанд;
  • Дар соли 2023 барқарор намудани корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодом тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо;
  • Бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва таъмин намудани ҳаҷми боз ҳам зиёди истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ;
  • Истихроҷ намудан ва то маҳсулоти ниҳоии сохтмон коркард кардани сангҳои ороишӣ ва ба роҳ мондани содироти онҳо ба хориҷи кишвар;
  • Соли 2023 бо мақсади афзоиш додани истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ёвон сохта ба кор андохтани корхонаи бузурги истеҳсоли масолеҳи сохтмон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла гаҷсанг;
  • Чораҷӯйӣ намудан барои аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар.

Дастовардҳои ноилгардида ва вазифаҳои барои оянда гузошташуда собит месозанд, ки масъалаҳои рушди соҳаи саноат таҳти назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дода шуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд, ки ба боз ҳам беҳтар намудани шароит, баланд бардоштани иқтидори содиротии давлат, рақобатнокии молу маҳсулот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва умуман тараққӣ ёфтани иқтисодиёт мусоидат менамояд.

Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки бевосита барои муайянсозии дурнамои рушд ва инкишофи бахшҳои гуногуни хоҷагии мамлакат дар Паёми Пешвои миллат таҳия ва қабулу татбиқи якчанд ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ, аз қабили 1 консепсия, 1 стратегия ва беш аз 5 барномаи давлатӣ пешбинӣ гардид. Аз ҷумла:

1) Консепсияи мудофиаи миллӣ; Бояд қайд намуд, ки  баррасии Консепсияи мудофиаи миллӣ нишонаи возеҳи ташаккули системаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зеро тағйирпазирии таҳдиду хатарҳо дар атрофи кишвар масъалаҳои ҳифзи ҳарими ҳавоӣ, ҳимояи марзи кишвар, тақвият бахшидани иқтидори ҳарбию мудофиавӣ ва технологияи муосири ҳарбии мамлакатро ҳамчун кафилӣ таъмини мавҷудияти давлату миллати тоҷик мубрам сохтааст.

2) Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ;

3) Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо;

4) Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои давраи миёнамуҳлат;

5) Барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ;

7) Барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон.

Дар Паём, сиёсати давлатӣ дар самти тақвияти мавқеи бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок дониста шуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намудааст. Барои мисол, зикр шуд, ки аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла қариб 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунандаро бонувону занон ташкил медиҳанд. Бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳанд.

Мутобиқи дурнамои сиёсати давлатӣ дар самти бонувон, ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшида мешавад, зеро онҳо қувваи бузурги ҷомеа буда, давлату Ҳукумат ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорад.

Сиёсати давлатии кор бо ҷавонон аз оғози давлатдории миллии мо мавриди таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт марҳила ба марҳила тадбирҳои судманд рўйи кор оварда мешаванд, зеро ба таъкиди Сарвари давлат, “ҷавонон ояндаи давлату миллат,қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи  стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд”.

 Чунончи аз мушоҳидаи падидаҳову рафти глобализатсияи  ҷаҳони муосир баръало маълум мегардад, дар асри мо идеяву назарияҳои нав омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат ба шумор рафта, тарбияву парвариши насли солиму ватандўст дар руҳияи арзишҳои миллӣ, ҷавонони хушзавқу ихтироъкор ва истифодаи самараноки неруи зеҳнии онҳо кафолати таъмини рушди устувор ва ояндаи пойдори ҳар ҷомеаву давлат ба њисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон новобаста аз вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ сиёсати “дарҳои кушода”-ро идома бахшида, ҷонибдори робитаҳои мутавозин ва тақвият додани равобит бо ҳамаи кишварҳои олам мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муносиби раванди мазкур пайваста масъалаи ҳифзи пиряхҳоро дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ бардошта, аз оқибати харобиовари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯшрас менамоянд. Ҳамин таъкидҳо ва маърузаҳои пайвастаи Пешвои миллат боис гашт, ки ҷомеаи байналмилалӣ сари масъалаи мазкур андеша намуда, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро доир ба эълон намудани “Соли байналмилалии пиряхҳо” қабул намоянд.

Ташаббусҳои созандаи роҳбари давлат боиси баланд бардоштани имиҷи кишвар, обуруи давлат дар назди шарикони байналмилалӣ ва сохторҳои молиявии ҷаҳонӣ гардидааст.

Тазаккур бояд дод, ки соли 2022 дар сиёсати хориҷии кишвар соли бобарор буд. Яке аз пешниҳоди навбатии Роҳбари давлат дар ин сол нисбати ҳифзи пиряхҳо дар маҷмааи СММ бо пуштибонии 153 кишвар қабул гардид. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим шинохта шуд.

  Хушбахтона, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид санаи 14 декабр зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»ро қабул кард. Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома ибтикороти Пешвои муаззами миллат бобати (1) эълон шудани 21 март ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; (2) Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; (3) таъсиси Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ; (4) соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд.

Ташаббусҳои ҷаҳонии татбиқшудаи ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили об, аз қабили «Соли оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар масоили об» (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки мавриди амал қарор дорад, далели возеҳи нуфузу эътибори ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мубрамияти масоили баррасишаванда мебошанд.

                  Дар масири рушду пешрафти бемайлони кишвар, ки аз ҳар сокини худогоҳу ватандўсти кишвар меҳнату заҳмати огоҳона, зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ, кору пайкори якдилонаву дастҷамъона ва иззату шарафи фаъолияти фидокорона баҳри ояндаи дурахшони давлат ва сарбаландии наслҳои миллатро тақозо мекунад, моро зарур аст, ки суханҳои илҳомбахш ва дастуру супоришҳои Сарвари давлатамонро, ки раҳкушои мо ба фардои дурахшон мебошанд, сармашқи фаъолият ва кору зиндагии худ қарор диҳем. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд:«ҳар яки мо  роҳбарони сохтору мақомоти   давлатӣ ва   кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият  дорем ва  вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат  кунем,боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди  давлат ва ободии Ватан тарҳрези кардаи   худро  сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем».

Дастуре, ки  сарвари муаззами  миллат ба ар як  шарванди  Тоикистони азиз дар паём  муайян  намуданд  мо  сармашки кори худ  менамоем ва  аз  худи  оила  аз  тарбияи фарзандон корро боз  чиддитару  пурмахсултар  ба рох  мемонем. Чунки дар арсаи байналмилали ва дар  раванди  чахонишави  мо  дигар  рох  надорем. Ягона рох дар гирди Пешвои муаззами  миллат ва  Хукумати  чумхури  мутахид  шудану  сари вакт ичрои дастуру  супоришхои хайати рохбарикунанда  мебошад. Дар  ин холат мо  метавонем як давлати ободу  зебо  ва  пешрафта  ба фарзандони худ  ба мерос  гузорем. Точикистон ба пеш!.

                                    М. Назарзода.