Миллати тоҷик аз қадиммулаём ба сари ягон миллату халқият аскар нарондааст. Аммо барои ҳимоят аз сулҳу суботаш, барои фарҳангу забонаш, барои эҳёи миллаташ, барои ҳимот аз номуси модарону занонаш фарзона фарзандонаш аз қабили Шераку Маҳмуди Торобӣ, Диваштич, Спитамон ва ё Спитамен, Темурмалик, Муқанаъ, Восеи диловар, Н. Махсумов, Ш. Шоҳтемуров, С. Айнӣ, Б. Ғафуров ва Э. Раҳмонов барин фарзандонаш ҷисму ҷони худро сипар намуданд.
Ба таърих назар афканем, Арабу Аҷам ва дигар халқиятҳо аз миллати форс-тоҷик давлату давлатдорӣ, ваҳдату созандагӣ ва шаҳрдорию шаҳрсозиро омухтаанд, гарчанде то имрӯз ин сир зери пардаҳои ниҳон нуҳуфтааст. Оё беҳуда китоби муқаддаси “Зардушт”-ро аҷнабиён ғанимат бурданд?. Оё беҳуда ба хонадони ҳар як тоҷик як ва ду нафар арабро маскун карданд?. Аллбата дар зери ин кирдорҳо мақсаду маромҳои махфие ҷой дошт. Миллати тоҷик дар тули таърихи худ чор шикасти бузургро аз сар гузаронид, ки тақрибан ба нестшавӣ рафта буд: 1. Ҳуҷуми муғул. 2. Ҳуҷуми араб, 3. Ҳамроҳшавии Осиёи миёна (Тоҷикистон) ба СССР ва 4. Зуҳури радикалистони (ифротиёнӣ) Исломӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта. Хушбахтона ин миллати бофарҳангу бо тамаддун ба воситаии фарзандони бо ақлу бо заковаташ тавонист аз сари нав эҳё шаваду бори дигар худро дар шахсияти фарзона фарзандонаш муаррифӣ намояд. Забон, урфу одат, мавқей, ҳастии худро ҳимоят кунад. Барои сулҳу амнияти миллаташ мубориза барад ва ин ду ганҷи бебаҳоро яъне сулҳу ваҳдат ва амну осоиштагии миллати худро ба даст биёрад. Мо мардуми хушбахту хуштолеъи миллати тоҷик аз он мефахрем, ки дар ватани аҷдодии худ орому осуда ва озоду бофароғат зиндагӣ карда истодаем, офтоби гарм талъат саховатмандона ба сарамон нуру зиё ва меҳру муҳаббат эҳё намуда, шодиамонро афзун мегардонад. Имрӯз бо заҳмати беандозаи Президенти давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу бономуси тоҷик Тоҷикистони азиз бо ҳама давлатҳои дунё робитаи дӯстӣ ва рафтуомад дорад, ки ин нишон аз давлати бо амн ва сулҳҷу будани Тоҷикистон дарак медиҳад. Вақте мутмаин бошӣ, ки дар давлатат амният таъмин аст, шабҳо бо аҳли оила орому осуда сар ба болин мегузорӣ, ва пагоҳӣ бо дили пур аз меҳру муҳаббат ба кор меравӣ ва ба ҳар гӯшаву канори меҳанат сафар менамоӣ. Агар амнияту сулҳу суббот пойдор бошад, ҳатто дар кӯчаю бозорҳо чеҳраҳои мардумро нишот фаро мегирад. Ҷой ивазкунии фаслҳои солро бараъло ҳис мекунӣ ва ниҳоят, баҳорро мунтазир мешавӣ. Агар амният таъмин набошад, ҷойи ҳамаи эҳсосоти дар болозикргардидаро танҳо тарсу ваҳм ва яъсу ноумедӣ фаро мегирад. Инсон орзу карданро фаромуш месозад ва фақат фикри ҳамин лаҳзаву ҳамин соатро мекунаду бас. Амнияти ҳар як давлати мустақил, ҳатто кишвари муттарақӣ наметавонад аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ орӣ бошад. Ҳатман қувваҳои иртиҷоӣ, зуҳуроти номатлубе ба миён меоранд, ки боиси осебрасонидан ба амнияти ҳар кишваре мегардад. Агарчанде барои фазои орому мусоид, барои пешгирӣ аз ҳама гуна падидаҳои ҷангзо, сохторҳои қудратӣ масъул бошанд ҳам, вале ҳар як фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон бояд ба хотири оромӣ ва сулҳу субот дар кишвар ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза баранд. Мутаасифона, имрӯз баъзан ҷавононе ҳастанд, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ҳамроҳ мешаванд ва чандин нафарони дигарро низ аз ҷумлаи ҷавонон ба гумроҳӣ мебаранд. Баъзеи онҳо баъди ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил шудан, ба хориҷи кишвар рафта, дар ҷангҳо иштирок намуда, кушта ҳам мегарданд. Аллбата ин ҷавонон бо далолату бероҳакунии гуруҳҳои махсусӣ зидди миллат, зидди давлат ба ин гуруҳҳо шомил мешаванду номи худ ва аҳлу ақрабои худро ба “хатти сиёҳ” менависанд. Бояд хотиррасон намоем, ки муҳофизати Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва манфиятҳои ҳаётии ҳар як сокини мамлакат мебошад. Дар замони осоишта саркашӣ аз хизмат камоли бемаърифатӣ ва бемасъулиятии ҷавонон мебошад. Маҳз пешгирӣ кардан аз чунин падидаҳои иртиҷоӣ, ки амнияти кишварро халалдор месозанд, вазифаи ҷонии ҳар як фарди ҷамъият мебошад. Агар ба давлати ба мо ҳамзабону ҳамсоя давлати Афғонистон нигарем гуруҳҳои иртиҷоӣ тули солиёни дароз ин миллату ин давлатро аз вартаи ҷангу ҷидол раҳо шудан намемонанд. Ҳар рӯз дар натиҷаи сӯиқасдҳову террорҳо дар баробари абармардони сиёсӣ, чандин нафарони бегуноҳон, занону кудакон, модарону пиронсолон низ аз аҳолии осоиштаи ин кишвар ҷон месупоранд. То ҳол ин нооромӣ ва бесарусомонӣ дар ин кишвар идома дорад. Мардуми Афғонистон амнияту осоиштагӣ ва сулҳу суботро орзӯ мекунанд. Барои онҳо амнияту осоиштагӣ беҳтарин неъмати бебаҳост ва солиёни дароз орзӯяшро доранд. Бояд мо аз ттаърихи гӯзаштаи худ, вазъияти давлатҳои ҳамсоя ва хориҷ дарси ибрат бигирем ва дар пойдории амнияти меҳани хеш ҳиссаи худро гузошта, аз ваҳдату осоиштагии дар кишварамон сипосгузор бошем. Мардуми сарбаланди тоҷик бояд аз мақсадҳои нопоки гуруҳҳои иртиҷоӣ бо хабар бошанд ва ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбият намуда, онҳоро дар роҳи ҳимоя аз миллат, забон ва фарҳанги хеш тарбият намоянд. Тоҷикистон ба пеш!. Рауфзода С. Т. Назарзода М. Б.