Бояд дарк кард, ки дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шудааст, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Тавре Пешвои миллат иброз доштанд: “Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд”. Экстремизм ва терроризм инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд ва решаҳои хеле чуқур доранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсондану даҳшатафканӣ мехостанд мақсадҳои худро амалӣ созанд ва дар ин зимн, мутассифона, одамони бегуноҳ қурбон мешуданд. Махсусан, ибтидои садаи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ ба худ касб намуданд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави терроризм ва ифротгароӣ, бахусус бо истифода аз номи дин ва истилоҳи нави “ифротгароии динӣ” ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон метавонанд ба амалиёти калони ҷангӣ баробар бошанд. Дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ниҳоят ин ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Бояд хуб дарк кунем, ки экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шахси ватандӯстро лозим аст, ки дар баробари ниҳодҳои қудратӣ ва кормандони соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст задан ба амалҳои террористӣ талоши ҷиддӣ дошта бошад. Зеро мо аз дигар мардумони кишварҳои пасошӯравӣ дида хатару зарари ин ваборо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар пӯсти худ эҳсос кардаем. Фақат хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Роҳбари муаззами мардуми тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дарки амиқи сулҳу субот, ки манфиати миллат ва Ватанро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор ва Истиклолияти давлатӣ боз ҳам комил гардад. Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синашон то 30-сола наздики 70 фисади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, вақте мегӯем “ҷомеа”, мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем “мушкилоти ҷавонон”, қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар мадди назар аст. Мутассифона, ҷомеаи Тоҷикистон, бахусус ҷавононро хатари гаравиш ба ҳизбу харакатҳои иртиҷоӣ таҳдид карда истодааст. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки мардуми тоҷик, ки паёмадаш аз оғози таърих буда, нахустгаҳвораи тамаддуни башарӣ дониста мешавад ва фарҳангу оинаш барои дигар ақвому мардум мавзӯи омӯзишу таҷриба буда, аз худ дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун мардумони хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим дарак додааст, бо ин бало ва вабо чаро рӯ ба рӯ шуд? Пеш аз ҳама бояд дониста бошем, ки тарғиби экстремизму терроризм аз ҷониби давлатҳои абарқудрат ҳамчун василаи анҷоми нақшаву ниятҳои геосиёсӣ роҳандозӣ гардида, ҳамчун роҳу воситаи расидан ба ҳадафҳо ва ба даст овардани манфиатҳои моддиву маънавӣ истифода мешавад, ки миёни ин кишварҳо бархӯрди манфиатҳоро ва дар ниҳоят бархӯрди тамаддунҳоро ба вуҷуд оварда истодааст. Тавре Пешвои миллат иброз доштанд, кишвари мо дар роҳи мубориза бо экстремизму терроризм бо гомҳои устувор пеш меравад: “Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмиллалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромилӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ… саҳми босазо хоҳад гузошт”. Албатта, ҳар як идеология дар ҷое рӯ мезанад, ки онҷо ҷойгоҳ холӣ бошад. Баъди шикасти идеологияи коммунистӣ мардуми кишвари мо, ки вобастаи анъанаҳои мусулмонӣ буда, арзишҳои мазҳаби худро дар даврони давлатдории шӯравӣ бо ҳасрати чандинсола ва интизории озодии бештари эътиқодӣ эҳтиёт карда меомад, баъди пош хӯрдани сохти давлатдорӣ коммунистӣ барои барқарор кардани унсурҳои мазҳабии худ бо ҳирсу саросемагӣ шитобиданд. Бо пайдо шудани чунин ҳолат душманони миллату дин тавонистанд аз ин ҳало ба манфиати худ истифода бикунанд ва бо номи дину мазҳаб миёни мардум тафриқа андозанд ва таҷрибаи истифода аз экстремизми динӣ ва хурофотпарастии мардумро дар кишвари мо амалӣ намоянд. Бояд қайд намуд, ки имрӯз, ки Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳ аз ин варта берун оварда шуда, ба мардум низоми осоиштаи зиндагӣ, таъмини сулҳи сартосарӣ эҳдо карда шуд, боз ҳам неруву доираҳои бадхоҳ имрӯз низ хостори бенизомиҳо бо истифода аз номи Ислом гашта, ҷавонони ноогоҳу камтаҷрибаро ба доми гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҷалбу ташвиқ карда истодаанд. Ба ин кор чандин омил сабаб шуда метавонанд, ки ин ҷо мехоҳам чанде аз онҳоро номбар намоям. Пеш аз ҳама надоштани маърифати дунявиву динии анъанавӣ, риоя нагардидани идеяҳои низоми давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ дар маҳал, огоҳии нокофияи мардум аз моҳияти воқеӣ ва ҳадафу мақсадҳои ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, маблағгузории густурдаи ин ташкилотҳо аз ҷониби муассисон ва ё ҳаводорони хориҷии худ, ҷой доштани амалҳои коррупсионӣ ва ба вуҷуд овардани норозигии мардум, нодуруст истифода бурдани шабакаи интернетӣ ва саҳифаҳои иҷтимоӣ, раванди нокифояи касбомӯзӣ ва омодасозии пеш аз муҳоҷирати ҷавонон ва ғайра. Гузашта аз ин, бо доштани як фарҳанги бою пурғановат имрӯз масъалаи тақлид ба либосу рафтори бегона, махсусан аз ҷониби ҷавонон ва занон ба мушкилоти ҷиддӣ муббадал гаштааст. Бояд дарк кард, ки тақлид ба либосҳои сиёҳу сатру ҳиҷоб қадами аввалест, барои гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ. Аҷдодони мо анъанаҳои фарҳангии худро бо вуҷуди забткориҳои зиёд дар масири таърих нигоҳ дошта омаданд ва ба мо чун намунаи беҳтарини ахлоқу маданият ба мерос оварданд ва акнун моро лозим аст, ки онро поку беолоиш ба фарзандону пайомадон бисупорем. Бояд дуруст дарк намоем, ки бо вуҷуди амалисозии тадбирҳои мушаххас аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии гаравишу ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, гирифтани пеши роҳи фаъолияти онҳо дар кишвар наметавон мафкураи кулли ҷомеаро тағир дод. Ҳар кадоми мо масъулем, ки дар ҳамбастагӣ ба ҷавонон роҳи дурусти зиндагиро нишон дода, то саргаҳи шоҳроҳи мунаввари ваҳдат онҳоро ҳамроҳӣ намоем. Ҳар яки моро лозим аст, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ ва тарғиби фарҳанги бегона, хиёнаткориву бадгуӣ нисбат ба сарзамини пеш аз ҳама худамон намунаи ибрат бошем. Нангу номуси ватандориро ҳифз кунем, мардумро ба меҳнати осоиштаи бунёдкорона ҳидоят намоем.
Сабтҳои охирин
Хатари ҷиддие, ки имрӯз одаму оламро таҳдид менамояд.
Ҷомеаи имрӯза бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризм мебошад. Албатта, онҳое ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимои он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он […]
Муҳиддин Кабирӣ аъзои собиқ ҲНИ
Муҳиддин Кабириро ҳамдеҳагонаш ҳамчун як фарди ҷомеа ва созанда мепиндоштанд. Дар баробари гузашти солҳо тавоно ва қудратманд шудани ӯ ва аъзои оилаи онҳоро мардум дида ба ҳайрат меафтоданд ва фикр мекарданд, ки ин фарзанди деҳқони оддӣ дар як муддати кӯтоҳ чӣ гуна сарватманд шудааст. Зеро ҳамдеҳагони ӯ низ гумон доштанд, ки мо мардуми оддӣ будем […]
Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 01.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати […]