Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истоданд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Азбаски вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо хеле ҳам пурпечутоб ва мураккаб шуда истодааст, аз ин рӯ то ба ҳол ҳастанд баъзе аз душманону бадхоҳони миллату давлат, ки оромиву осоиштагии баъзе аз давлатҳоро намехоҳанд. Онҳо баръакс мехоҳанд, ки ба чунин тинҷиву оромӣ ва суботи сиёсӣ бо ҳар роҳу восита халалу монеаҳо эҷод намоянд. Ҷавонон, ки аз хама қишри осебпазир ба шумор мераванд, бинобар ин душманони миллат бештар ҷавононро дар ин самт сафарбар, ё истифода менамоянд. Дар алоқамандӣ бо ин ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, тундраву ифротӣ он ҷавононе бештар шомил шудаанд, ки дониши зарурӣ надоранд, ё аз сатҳи пасти маърифатнокӣ шомили ин гурӯҳҳои ифротгаро гаштаанд. Ба ғайр аз ин гурӯҳҳои ифротӣ аз давраи таъсисёбии худ гӯруҳи муташаккили таблиғотии худро таъсис додаанд. Дар натиҷа ҷонибдорони худро ба давлатҳои мусулмоннишин бо ҳар гуна роҳҳо ворид намуда, бо тариқи пинҳонӣ ва шинос кардан бо ҳадафҳои нопоки худ ҷавонони гумроҳро мехоҳанд тобеи худ гардонанд. Барои мисол, дар Осиёи Миёна яке аз хизбҳои хатарзо, ҳизби ТАҲРИР мебошад. Оё идеалогияи Ҳизби таҳрир воқеан ба шароити исломӣ мувофиқат мекунад ё худ пайравони он исломро танҳо ҳамчун сарчашмаи идеявӣ баҳри амалсозии барномаи сиёсии худ мавриди истифода қарор додаанд?- саволе мебошанд, ки ҳар як бедордилро бояд ба фикр даъват намояд, то олудаи андешаҳои таҳрифкоронаи таблиғгарони он нашаванд. Бояд қайд намуд, ки мувофиқи ақидаи ифротиён ислом гӯё ҳамзистии ақидаҳо, тамаддунҳо ва фарҳанги башариро инкор мекунад. Аммо онҳо ба инобат нагирифтаанд, ки аз ибтидо ислом ҷонибдори сулҳ, ҳамзистии маслиҳатомезии ақидаю фарҳангҳои гуногун буда, пайравони худро ба ин самт равона менамуданд. Умуман ифротгароён исломро дине мебинанд, ки барои инсон ҳеҷ гуна ҳуқуқу озодиҳоро раво надида, ҳамзистии ақидаю фарҳангҳоро қабул намедорад, ҳамчунин ба ҳокимияти халқӣ комилан муқобил аст. Ҳарчанд гурӯҳҳои ифротӣ худро дар асоси шариати исломӣ ташкил ёфта меҳисобанд, вале ақидаҳои пайравонаш зидди ислом, бадном ва сиёҳ кардани ислом ва тавассути зархаридони аврупоӣ бо роҳи таъсиси хилофати ягона бенизомӣ ворид кардан байни мусулмонҳо мебошад. Имрӯз ҳар яке аз мо аҳли мусулмон, хусусан ҷавонон, ки қалбҳои тоза ва имони пок дорем ва бо шунидани номи ислом хоҳони ба он хизмат карданро дар замир мепарварем, бояд пеш аз ҳама ҳушёриву зиракӣ ва маърифати сиёсиро аз даст надода, зудбоварона ҳар гуна ақидаро напазирем, то ки ба идеалогияи ифротгароёна нагаравем. Хулоса даъвати ҳамарӯзаи ҳукумати мамлакат, вазоратҳо ва донишгоҳҳо аз ҷавонон, афроди гуногун иборат аз он мебошад, ки дар доираи аҳли сунат ва ҷамоат ва дар пайравии мазҳаби ҳанафӣ амал карда, баҳри таҳкими пояҳои устувори истиқлолият, ободии кишвар, рушди соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ, кишоварзӣ, рушди саноат ва ғайра саҳмгузор шуда, аз равияҳои тундраву харобкунанда ва оштинопазири ҷомеа дурӣ ҷӯянд.
М. Назарова.